Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дониш оид ба ин система бояд дошта бошад ва аз уҳдаи истифодаи он баромада тавонад.

Барпо сохтани «системаи асаби электронӣ» имкон медиҳад, ки ҳар як ташкилот пурра тағйир дода шавад ва дар навбати аввал 3 элементи асосии вазифаҳои менеҷмент беҳтар карда шавад.

  1. Муносибат ба аъзоёни коллектив.
  2. Муносибат ба ҳамкорон ва рақибон.
  3. Муносибат ба истеъмолкунанда.

Аз нигоҳи дигар ин вазифаҳои тиҷоратӣ, кордонӣ ва роҳбарӣ мебошанд.
Бояд кард қайд, ки маҳз аз тиҷорат сар кардани тартибдиҳии система самаранок мебошад. Ташкили «Системаи асаби электронӣ» зарурат ва имкони соҳибкорӣ, суръати баланди истифодаи ақлонии вақтро талаб менамояд ва бо ин роҳ мо метавонем ақлҳоро инкишоф дода имкониятҳоро истифода барем.

«Системаи асаби электронӣ»-ро ҳар як менеҷменти ташкилот метавонад ташкил намояд, агар шартҳои зеринро риоя намоянд:

I. Оид ба фаъолият ва истифодаи захираҳои зеҳнии ташкилот.

таъминоти ахбори электронии менеҷмент ва доду гирифти
электронии ахбор. Фақат дар чунин ҳолат вақти роҳбариро
метавонед максималӣ истифода намоед;

оид ба фурӯши ҳаррӯзаи мол бояд ахбори фаврӣ дошта бошед,
хислатҳои ҳар як гурӯҳи истеъмолкунандаро омӯхта мувофиқи
талаботи он рафтор намоед;

барои таҳлили ҳаматарафаи фаъолияти тиҷоратии ташкилот аз
системаи компютерҳои фардӣ истифода карда, ба ҳар як корманд
имкон диҳад, ки худашон мустақилона андеша карда, хулосаҳои
худро бигӯянд;

воситаҳои электрониро барои алоқаҳои байни кормандони шӯъбаҳои алоҳида истифода карда, ахбори зарурии саривақтиро талаб намоед.
Новобаста ба он, ки корманд дар истироҳат, сафари хизматӣ, ё худ дар кор аст, аз ахбори фаъолияти ташкилот бояд пурра бохабар бошад ва фикру ақидаҳои худро баён намояд.

пешина
аз 522
навбатӣ