Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
Аз рӯи гуфтаҳои боло бармеояд, ки акнун дар рафтори роҳбарӣ ва менеҷмент тағйироти куллие ба вуҷуд меояд. Вобаста ба ин рафтори инсон аз рӯи «Веб стили ҳаёт», «Веб стили корӣ» чӣ дар ҷои кор ва чӣ дар хона чӣ тағйир меёбад.
Аллакай чунин рафтор дар аксари ташкилотҳои байналхалқӣ, роҳбарони ташкилотҳои бузурги трансмиллӣ, ки дар даҳҳо давлатҳо ширкатҳои худро доранд, истифода карда мешавад. Ҳатто дар мизи корӣ нишаста одамон ҳолати расиду электроэнергияи хона, офис, хароҷоти об, ҳолати системаи амалиётии хона ва автомобилашонро назорат карда метавонанд. Дар ҳолати муқаррарӣ тасаввур кунед, ки чӣ қадар вақти шуморо ин корҳо мегиранд. Бояд қайд кард, ки истифода аз барномаҳои «Интернет» имрӯз характери умумибашарӣ гирифтааст ва он омили ҷаҳонишавӣ гашта истодааст. Аллакай роҳбаре, ки як сол аз ин система истифода намебарад, аз инкишоф қафо монда, авторитарона ташкилотро идора карда наметавонад.
Ташкилоти «Микрософт» (Microsoft) ва дигар ташкилотҳои байналхалқӣ масалан барномаҳои худро оид ба «Веб стили кор» дигар намудаанд.
Ҷорӣ намудани коргузорӣ дар барномаҳои махсуси компютерӣ ва идоракунии коллективонаи электронии ахбори ташкилот имкон медиҳад, ки барои дар ин фаъолияти корӣ ҳафтаҳо ва моҳҳои вақти кории худро сарфа намуда, натиҷаҳои худро сифатан беҳтар ва хубтару аниқтар фаъолият намоем.
Мутахассисон исбот намудаанд, ки вақти дар коркарди ахбор ва ҳалли масоил иштирок намудани як дастаи боқуввати мутахассисони варзида, ки фарҳангу донишу ақли зеҳнии боқувват дошта, ақида ва пешниҳодҳои қавиро пешниҳод мебароянд, он бевосита нисбати фикру ақидаи як кас афзалияти калон дорад. Яъне дар ташкилот ҳар қадар дастаи боқуввати донишмандон гирд корфармо шаванд, ҳамон қадар имкони фикрронӣ ва пайдоиши ақидаи нав зиёд шавад, ташкилот аз рӯи фикру ақидаҳои солим инкишоф меёбад.
Дар шароити иқтисоди озоди бозорӣ ташкилотҳо ҳар қадар оид ба
талаботгунонандаи хеш, ташкилотҳои рақиб ахбори пурра ва саривақтӣ дошта
бошанд, ҳамон қадар имконотҳои зиёд пайдо мегардад. Аз тарафи дигар
менеҷменте, ки имрӯз ба шакли идоракунии электронӣ мегузарад, натиҷаи
фаъолияташон чандинкарат зиёд буда, доимо бозорашонро мустаҳкам карда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё