Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИқтисодиётТаҳсилотИдоракунӣ
Аз аввал хондан

менамоянд. Новобаста ба он, ки ин барномаҳо мураккаб буда, ахбори зиёде дар бар мегиранд, истифодаи онҳо хеле осон буда, барои аксари одамон имконпазир мебошад. Аммо то ҳол дар аксари ташкилоту муассисаҳои Тоҷикистон роҳбароне низ пайдо мешаванд, ки ба ахбори идорӣ дар асоси усули кӯҳнаи солҳои 80-90-уми асри гузашта муносибат карда, моҳияти ахбори навтарин ва имконоти барномаҳои махсуси электрониро дарк ва истифода накарда аз инкишоф дур мемонанд.

Аллакай, дар аввали ҳазорсолаи сеюм имконоти аз як компютер ба компютери дигар гузаштани ахбор, навиштаҷот, овоз ва сурат пайдо гаштааст, инчунин имконоти коркард, нигоҳдорӣ ва боз ба дигар нуқтаҳо интиқол додани он фароҳам омадааст.

Якумин маротиба системаи барномаи ягонаи стандартӣ, ки бисёре аз давлатҳои ҷаҳон дар компютер пайдо гаштааст, ин вақти зиёди идоракуниро сарфа карда, барои бо хароҷоти камтарин ва ҳаҷми камтарин баланд бардоштани қобилияти зеҳнии ҳар як мутахассис имконоти васеъро ба вуҷуд овардааст.

Дигар муваффақияти технологӣ дар он мебошад, ки имрӯз ҳар як фард дар куҷо ва кадом ҳолате набошад метавонад, бо воситаи компютери фардӣ ва ҳатто телефони мобилӣ ҷараёни фаъолияти корхонаашро идора намояд ва аз аҳволи он бохабар бошад. «Интернет-технология» чунон бо суръат баланд ба пеш рафта истодааст, ки тамоми намуди фаъолият, ё худ ҳисоббаробаркунӣ бо суръати хеле баланд ба ҳама гӯшаи дунё дар 1-2 дақиқа мерасад. Чунки дар ин самаранокии истифодаи вақтро 100 карата зиёд менамояд.

Дар марҳилаи инкишофи ахборӣ, технологияи пешқадам, ахборро, калонтарин аз ҳудуди воситаи муомилаи одамон берун бароварда, ҳамчун воситаи тиҷоратӣ ва ҳамкории байналхалқӣ баромад менамояд. Инчунин, имконоти воқеии додани ахбори навтарини телевизионӣ, телефонӣ ва хаттӣ ба миён омадааст.

Ҳамин тариқ, технологияи навтарини истифодаи вақт «Интернет-технология»
хусусияти асосии худро соҳиб гаштааст.

  1. Имкони пайдо кардани ахбори зарурӣ барои ҳар як роҳбар ва фард.
  2. Имкони пайваст кардани гурӯҳҳо ва шахсоне, ки фаъолият, шуғл ва манфиати якхела доранд.
пешина
аз 522
навбатӣ