Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
- Ба сӯҳбати дуру дарози телефонӣ одат накунед.
Ҳеҷ чиз ғайр аз вақт бо гуфтугӯи телефонӣ мубориза бурда наметавонад. Дар ҳақиқат агар Шумо сӯҳбатро барои гирифтани маълумот, иҷрои кор, додани супориш, талаботи иҷрои қарор дошта бошед, ин вақтро хеле сарфа менамояд, вале агар сӯҳбати дуру дарози ғайрикорӣ бошад, он гоҳ аз иҷрои ҳама кор мемонед. Худро аз чунин ҳолатҳо доимо нигоҳ доред. Пеш аз он ки гӯшаки телефонро мебадоред, андеша намоед, ки барои чӣ занг мезанед ва ё барои чӣ сӯҳбат менамоед. Аксари одамон аз камтаҷрибагӣ ё худ хотирбинии марқӣ наметавонанд ҳамсӯҳбатро, ки берун аз кор, ё ин ки бемавқеъ занг задааст, аз сӯҳбат боз доранд. Барои худро аз ин муаммо халос кардан, котибай хуб доштан зарур мебошад, ки ба аксари саволҳо худашон ҷавоб гӯянд, инчунин дар вақте, ки бандед, хотирпарешон насозанд.
- Дар дафтарчаи хотиравӣ навистани корҳоро ёд гиред.
Ҳар яке, ки бори аввал дар дафтарчаи хотиравӣ навиштани корҳоро ёд мегирад, афсӯс мехӯрад, ки барои чӣ барвақттар ба ин кор шурӯъ накардааст. Хуб мебуд, ки дафтарчаи хотиравиро дар ҷои намоёни мизи корӣ, ё ин ки дар автомобил дар ҷои ба чашм намоён мегузоштам ва доимо барои чизи навро қайд кардан тайёр мебудед. Инчунин пеш аз оғози кор вариантҳои гуногуни иҷрои онро дар ин дафтарча қайд карда, фикр намуда, беҳтарашро бояд интихоб намоед.
Рақамҳои телефон ва дигар маълумотҳоро низ дар дафтарча бояд қайд намоем, то ки асабамонро аз маълумотҳои нолозим пур насозем.
- Роҳ надодан ба сӯҳбатҳои нолозима дар вақти кор
Ҳастанд дӯстоне, ки вақти қиммататонро гирифта ба дафтари корӣ медароянд ва мехоҳанд аз кор берун сӯҳбат намоянд. Метавонед, ки бо онҳо дӯст бошед, аммо фаҳмондан лозим, ки банд ҳастед ва имкони сӯҳбатро надоред. Дар ҳолате, ки ба идораи кориатон шахсе ворид гашта вақтатонро мегирад, метавонед аз ӯ хоҳиш кунед, ки дар ҳалли масъалаи машғулбудаатон кӯмак кунад, ё ин ки ба он кас ягон супориши таъҷилие диҳед, ки аз утоқи кориатон баромада равад. Хуб мебуд агар роҳбар соатҳои аниқи қабули мизоҷонро ҷудо мекард ва ин реҷаи кориро пеш аз ҳама худаш риоя мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё