Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТаҳсилот
Аз аввал хондан

кай ман таҳлили амиқи тарафҳои манфӣ ва мусбии фаъолияти худамро санҷидаам?

Оё ман он қобилияту имконот ва кордонии худро дар фаъолиятам амалӣ мегардонам?

Дар кадом вақти шабонарӯз ман қобилияти баланди корӣ дорам?

Оё ман истироҳат мекунам, вақте ки монда мешавам, ё ин ки ба эҳсосот дода мешавам?

Оё ман ба дигарон бовар мекунам, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро тақсим менамоям, ё ин ки ҳамаи вазниниро ба худ мегирам?

Оё ман медонам, ки кадом рафтори ман ба корманд маъқул буда, кадоме аз он ба кормандон қабул нест.

Вақте ки ба ин саволҳо ҷавоби дуруст меёбед, он гоҳ метавонед, ба он баҳо дода, хатогиҳои худро ислоҳ намоед. Одамоне, ки қобилияти баланди зеҳнӣ доранд бо коллектив хуб кор карда, ҳамкории хубро ташкил карда метавонанд. Пеш аз саршавии маҷлис ором бошед, дар бораи муваффақиятҳо ва роҳҳои боварӣ доштан ба ояндаро андеша намоед. Дар ҳолати пайдо гаштани муноқиша худро гум накарда, саволро таҳлил намоед, ки оё ба Шумо саволи дуруст додаанд, агар не, беҳтараш ҷавоб нагардонед. Чунон ки бузургон мефармоянд, «Ба саволи бемантиқ ҳатто файласуфи бузург Суқрот ҷавоб гардонида наметавонад». Бинобар ин дар чунин ҳолатҳо хуб мебуд, ки агар ба стандартҳои аниқ такя мекардед, худро гум накарда, мисолҳои аниқ аз ҳаёти одамони бузург ва иқтибос аз гуфтаҳои файласуфону хирадмандон меовардед. Дар ҳама ҳолатҳо аз мақсади асосӣ дур нарафта, тамоми гуфтаҳо ва роҳу усулҳоро барои иҷрои мақсади асосӣ равона созед. Агар чунин қоидаро доимо риоя намоед, дигарон аллакай медонанд, ки Шумо дар асоси стандартҳои аниқу мақсаднок сухан гуфта, хеле хуб масъаларо дарк менамоед. Ташкили кори мураббигӣ талаб менамояд, ки бартариятҳои фардии худро ба бартариятҳои ташкилот табдил дода, доимо рӯҳияи баланди кории кормандонро таъмин созед.

Аслан шахсоне, ки қобилияти баланди таъсиррасонӣ доранд, диққати дигаронро тез ба худ ҷалб менамоянд. Одамон аслан ба рафторҳои зерини Шумо диққат медиҳанд:

  1. Ба рафтору гуфтори боваринокиатон
пешина
аз 522
навбатӣ