Зеҳн
Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа

ТаҳсилотИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Фикронии чуқур ва зеҳни бурро дорад.

  2. Ҳислатҳои пешвой дошта, беназорат меҳнат менамояд.

Нишондиҳандаи баръакси панҷ сифати хуб, ба сифати бади кормандон баҳо дода мешавад.

Пеш аз он ки иҷро намудани кор баҳо дода мешавад менеҷер бояд донад, ки оё супориш, ё қарор пурра фаҳмонда шуда буд? Супориш мақсаднок ва суроғадор буд, ё не? Иҷрои он аз ин корманд вобаста буд, ё не?

Кормандро ба кори дигар гузаронидан, ё ба вазифаи баландтар таъин намудан нишонаи он мебошад, ки шумо меҳнати ӯро қадр намудаед. Аз дигар тараф, ин корманд барои боз ҳам ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланд ҳаракат менамояд. Қадрдонии воқеӣ доштани як корманд дигар кормандонро низ рӯҳан ҳавасманд мегардонад ва ба андеша водор месозад, ки:

  1. Аз уҳдаи кор мебароям ва иҷро мекунам.

  2. Ҳаракат мекунам, ки корро иҷро намоям.

  3. Аз уҳдаи кор мебароям, лекин намехоҳам.

  4. Аз уҳдаи кор намебароям ва намехоҳам, ки иҷро намоям.

Аслан дар вақти пешниҳоди кормандон барои болоравӣ аз рӯи вазифа бо ду нишондиҳанда диққати махсус медиҳанд:

  1. Аз уҳдаи кор мебарояд, ё не?

  2. Хоҳиши иҷрои вазифа дорад, ё не?

Махсусан, шахсоне, ки хоҳиши иҷрои вазифа надоранд, шаклҳои ҳавасмандкунӣ натиҷаи мусбӣ намедиҳанд.

Ёфтани роҳҳои ҳавасмандкунӣ ба шахсе, ки аз кормандон хоҳиши баланд бардории ихтисос дошта, омӯхтан намехоҳад мушкил мебошад. Бинобар ин вазифаи менеҷмент пеш аз ҳама аз он иборат мебошад, ки шахсонеро баҳои мусбӣ дода, ба мукофот ва болоравӣ пешниҳод намоянд, ки онҳо дар ҳақиқат арзанда мебошанд.

Дар системаи зинагии идоракунӣ ҳангоми интихоби номзад барои болоравӣ аввал синну сол, баъдан қобилият баҳо дода мешуд, ки имрӯз аллакай чунин қоида мақбул нест.

Дигар ин ки ҳангоми интихоби номзад нисбати шахсе, ки фақат аз уҳдаи
як кор мебарояд, боандеша бояд буд, чунки дар вазифаи нав ба ӯ шояд якчанд

пешина
аз 522
навбатӣ