Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
менамоянд. Барои ҳар як намуди фаъолият истифодаи ин усул хусусиятҳои хоси худро дорад.
- Усули мақсаднок - барои суолу ҷавоб аз рӯи мақсадҳое, ки менеҷменти ташкилот ба уҳдаи худ гузоштааст, гузаронида мешавад.
Дараҷаи бурдбориҳои кормандон пеш аз ҳама ба он вобаста мебошанд, ки роҳбарият то чӣ андоза фаъолияти онро дуруст баҳо дода қадрдонӣ мекунад ва ба онҳо боварӣ дорад.
Усули баҳодиҳии меҳнатро интихоб намуда роҳбарон бояд бидонанд, ки натиҷаи он барои баландбардории ҳавасмандии кормандон кӯмак мерасонад.
Омили асосии баҳодиҳӣ мақсадҳои воқеии ташкилот ва гирифтани фикри коллектив мебошад.
Дар баробари дигар рафторҳои менеҷмент баҳодиҳӣ низ хусусияти миллӣ дорад: Мисол, англисҳо ва тоҷикон баҳодиҳии рӯякӣ дошта, он қадар ба натиҷаи он диққат намедиҳанд, олмониҳо ва фаронсавиҳо стандартҳои баланди кордонӣ муайян карда, иҷрои онро талаб мекунанд ва натиҷагирӣ низ мекунанд.
Амрикоиҳо аз натиҷаи дастовардҳои фардӣ ҳавасманд мегардонанд. Фаъолияти кормандонро баҳо дода бояд қайд кард, ки он ба чӣ муваффақиятҳо ноил гардидааст.
Баҳодиҳии пайдарпайи фаъолияти кормандон имкон медиҳад, ки оид ба ҳар як аъзои коллектив ахбори дутарафа дастрас намуда, мақсадҳоро бо имконот мувофиқ гардонем.
Менеҷменти ташкилот диққатро бояд ба он диҳад, ки баҳодиҳиро дигар хел қабул намоянд, яъне гӯё ба корманд бовар намекунанд.
Бинобар ин, дар вақти муҳокимаи баҳодиҳӣ ба танқид дода нашавед.
Барои корманди боақл як ишора кифоя мебошад.
Баҳои сифатҳои хуби фардӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои зерин баҳо дода мешаванд.
- Доимо дар ҷустуҷӯи чизи нав буда, номуайяниро намепарастанд.
- Доимо дар ҷустуҷӯи варианти дигару хубтари иҷрои кор буда, аз худ серталаб мебошад.
- Факту рақамҳоро таҳлил карда метавонад ва ҳисси худтанқидкуниро доро аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё