Менеҷмент. Қисми III

Китоби мазкур қисми сеюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва санъати роҳбарӣ мебошад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст ва асосҳои илми идоракуниро меомӯзонад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 522 саҳифа
корро бифармоянд ва дар натиҷа мумкин аст, ки аз уҳдааш набарояд. Бинобар ин номзадро ба уҳдадориҳои вазифаи нав пурра шинос намуда, баъдан баҳо додан лозим аст, ки то чӣ андоза ӯ аз уҳдаи ин вазифаю уҳдадорӣ мебарояд.
Дар ҳолате ки номзадро ба коллектив пешниҳод менамоем, он чизро қайд намоед, ки дар кадом асос Шумо ин шахсро ба вазифаи нав пешниҳод намудаед. Дар ҳолати нобарории лоиҳаро аниқ намудан, дар навбати аввал андешаи онро намоед, ки оё ин лоиҳаро ҳимоя кардан мумкин аст. Бинобар он, нуқтаи ки бо пешниҳоди касе ризо мешавад, ҳаматарафа фикр карда, баъд қабул намоед, чунки баъдан даст кашидан мушкил мебошад.
Ҳолатҳое мушоҳида мешаванд, ки кормандон аз иҷрои лоиҳа намебароянд. Роҳбар бояд сабаби иҷрои нашудани лоиҳаро ҳаматарафа санҷида, аниқ намояд. Шояд корманд аз уҳдаи кор набарояд ё дигар омилҳои аз корманд новобаста мавҷуд бошад. Дар ҳар ҳолат роҳбар бояд хулоса барорад, ки маротибаи дуввум ба он шахс бовар карда, боз лоиҳа супорида метавонед?
Қабули қарори дурусти Шумо оид ба боварӣ барои ояндаи ташкилот мақоми хос дорад.
Барои баланд бардоштани самаранокии меҳнати корманди ноуҳдабаро, сабаби ноомади кори ӯро аниқ кардан лозим мебошад. Агар ҳунари иҷрои корро надошта бошад, ӯро ба курси баланд бардоштани ихтисос равон намоед. Дар мавриди бепарвоӣ зоҳир кардан, бори аввал огоҳии даҳонӣ диҳед. Дар охири ҳар як лоиҳа баҳо дода, муҳокима намоед, агар ислоҳ нашавад, чораҳои дигар андешидан лозим аст.
Аслан омилҳои зерини иҷрои ғайриқноатбахши корҳо дида мешавад:
❖ ҳавасманд набудан;
❖ ноуҳдабароӣ;
❖ истифодаи нодурусти вақт;
❖ ба кор наомадан;
❖ масоили шахсӣ.
Вақте ки роҳбар ин омилҳоро аниқ месозад, нисбат ба ҳар яки он чораҳои мушаххас меандешад.
Вобаста аз гуфтаҳои боло муносибати роҳбар нисбат ба музди меҳнат ва
мукофотҳо асоси самаранокии кори менеҷмент мебошад. Ҳарчанд маблағи пулӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё