Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ФарҳангАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

Забони тоҷикӣ

Хусусияти хоси санъати дилчаспи тоҷик аз он иборат аст, ки ин санъат дар заминаи санъати баланд ба вуҷуд оварда мешавад ва мустаҳкам мегардад. Тоҷикон анъанаҳои маданияти худро аз Фирдавсӣ, Ҳофиз ва Саъдӣ шурӯъ карда меоянд.
И. В. Сталин

Баъзан дар мо рафиқони рус ҳамаро омехта мекунанд: тоҷикро бо ӯзбек, ӯзбекро бо туркман, арманиро бо грузин. Ин, албатта, нодуруст аст. Тоҷикон халқи махсус ва дорои фарҳанги ғанӣ мебошанд ва дар шароити шӯравии мо ояндаи дурахшон ба онҳо тааллуқ дорад ва ба онҳо бояд Иттиҳоди Шӯравӣ кӯмак расонад. Ман ин қадаҳро барои он мебардорам, ки санъати тоҷик ва халқи тоҷик нашъунамо кунад, барои он ки мо, москвагиҳо, ҳамеша барои кӯмак кардан ба онҳо дар ҳамаи чизе, ки бароишон зарур аст, омода бошем.
И. В. Сталин

Аз бозе ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳр ва Туркистон, чунон ки як қавми муаззам ба номи тоҷик ё ки тозик истиқомат дорад, ҳамчунон забон ва адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр ва Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳе ва амире нест.

Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳастанд, чи қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, Шайбонӣ, Астархонӣ ва Манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбек ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст.

Пас маълум мешавад, ки ривоҷи забон ва адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо маҳз ба сабаби тасаллути Сомониён ё ин ки муҳоҷирати эрониён набуда, сабаби ҳақиқии мавҷудияти як қавми бузурги ба номи тоҷик, ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост.
Садриддин Айнӣ

пешина
аз 30
навбатӣ