Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Дӯст доштан ва омӯхтани забони модарӣ ҳаргиз маънои дар доираи забони худ маҳдуд мондан ва аз омӯзиши забонҳои дигар, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, сарфи назар карданро надорад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳар касе, ки забони модарии худро хуб медонад, барои ӯ омӯхтани забонҳои хориҷӣ осон мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон

Чун сухан аз забону забондонӣ аст, мехоҳам хотирнишон намоям, ки омӯхтани забон ва равону суфта шудани он танҳо ба шарофати мутолиаи китоб муяссар мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикии форсӣ бо фасоҳату балогаташ асрҳо боз оламиёнро дар ҳайрат гузоштааст.
Эмомалӣ Раҳмон

Забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид ва тохтутозҳои бераҳмонай аҷнабиёни истилогар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур кард, ки онро ҳамчун забони девону дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон

Қонунияти инкишофи забон чунин аст, ки вай мисли як ҷисми зинда бояд ба маҷрои зиндагӣ - таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ мутобиқ шуда, имкони ифодаи мазмунҳои тоза ва талаботи мардумро дошта бошад.
Забони модарии мо низ, хушбахтона, аз чунин имтиҳонҳои мушкили таърихӣ гузаштааст.
Эмомалӣ Раҳмон

пешина
аз 30
навбатӣ