Зеҳн
Бузургон дар васфи забони тоҷикӣ (С. Аминов, Д. Нуриддинова)

Китоб андешаҳо ва суханҳои бузургону донишмандони ватанию хориҷиро оид ба мақому манзарат ва зебоии забони тоҷикӣ گرد آورӣ кардааст. Дар он аҳамияти забон ҳамчун омили асосии рушди фарҳанг ва тафаккури миллӣ таъкид шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 30 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Шуарои Тоҷикистон маъруфтарин ашъори форсиро сурудаанд. Шаҳрҳои бузург ва ободи ин ноҳия, ки аз қадимтарин шаҳрҳои Эрон шумурда мешаванд, мисли Самарқанду Бухоро ва Балх ва ғайра то замоне ки авлоди Темур салтанат карданд, ҳамеша дорулилми Эрон будаанд. Ҳанӯз бадеътарин ва зеботарин шоҳкориҳои меъморон ва кошисозони Эронро дар Бухоро ва Балху Самарқанд метавон ёфт. Бузургони Эрон ағлаб аз ин сарзамин бархостаанд.

Ҳар китоби форсиро, ки мехонем, ҳамеша моро ба ёди ин водии ниёгон меандозад, чӣ қадар падарони мо дар он ҷо мадфун шудаанд! То авосити қарни дувоздаҳум сатре аз таърихи Эрон нест, ки як бор исми Бухоро ё Самарқанд ва ё Балх дар он бурда нашуда бошад. Орзуи ман он аст, ки ин сарзамини поки ниёгони худро зиёрат кунам ва як бор дар умри хеш ин забони ширини порсиро аз даҳони самарқандиёну бухороиён бишунавам!

Саид Нафисӣ

Нахуст он, ки забони форсии тоҷикӣ яке аз лаҳҷаҳои фасеҳи форсӣ буда, ба забони форсии адабии Эрон беш аз лаҳҷаҳои дигар қаробат дорад. Инчунин бисёре аз луғатҳои фасеҳ ва ширини форсӣ дар мо фаромӯшшударо аз ин китобҳо ёфтан мумкин аст, ки ба ин восита дар роҳи тоза ва соф кардани забони форсӣ ёрӣ метавон расонид.

Хонларӣ

Забони афсункоре, ки Ҳофиз шашсад сол пеш ғазалҳои диловези хешро бад-он забони назм кард, дар ҳамин сарзамин ва дар байни падарони ҳамин тоҷикон падид омада буд. Касе, ки тазкирнависони қадим аввалин шеъри форсиро бад-ӯ мансуб доштаанд, як тоҷик буд — Абуҳафси Суғдӣ. Ба илова инкишофи ғазал низ, ки дар каломи Ҳофиз ба авҷи азамати хеш расид, дар қарнҳои нахустин марҳуми бузурги тоҷик — устод Рӯдакӣ буд.

пешина
аз 30
навбатӣ