Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аммо дар хонааш ӯро манзараи фавқулоддае нигарон буд: ду офицери идораи бехатарии давлат ӯро мунтазир буданд. Яке дар рӯи диван баҳузур нишаста тамоку мекашид, дигаре ба пештахтаи тиреза такя карда, передатчики аз қуттии термоси хитоӣ баровардаашро аз назар гузаронда меистод.

Волощук аз рӯи одат хост, ки табассуми ишвадоре кунад. Вале натавонист, лабаш ларзида, ба як тарзи нозебе инҷ шуда рафт.

...«Домод» дар ин вақт дар кӯчаи пурчангу хоки ақиби вокзал қадам мезад. Аз роҳи оҳан, ки дар паси қатори анборҳо воқеъ буд, гулдурросзанон поезди пассажиркашони гузашта рафт. Марди наврас дақиқае аз роҳ боз истода, ба тирезаҳои чароғони вагонҳои дартоз бо назари ҳосидона нигоҳ карда, ба андеша рафт. Баъд боз ба роҳ даромад, акнун ӯ бо шитоб қадам мезад.

Тангкӯчаҳои печ дар печи торикистонро тай карда, ба ҳавлии Ҳотамбой расид. Даричаи фанерии ғичиррос зада боз шуд. Хонаи пирамард торик буд. Мард тирезаро бо ангушт тиқ-тиқ кард.

— Кист дар он ҷо? — пурсид касе бо овози хиррӣ.

— Ин ман, тағо, чиянатон.

— Дар ин бевақтӣ?

— Чӣ илоҷ, тағо, кору бори рӯзгор, зиндагӣ...

Дар кушода шуд. Даруни хона ҳамчунон торик буд.

— О чароғро даргирон! — гӯён «Чиян» ба остона як қадам гузошта буд, ки касе аз паҳлӯи рост бо дастони мисли анбӯр сахту часпонаш аз банди дасти ӯ гирифт ва сахт тоб дод. Шахси дигаре ҳар ду дасти ӯро ба қафояш бурда баст.

«Чиян» фаҳмид, ки муқобилат кардан аз имкон берун ва бефоида аст.

Чароғ даргирифт. Дар рӯ ба рӯи «Чиян» майор Сафаров истода, таппончаи худро ба ғилоф меандохт.

— Салом, ҷаноби Билдинг,— бо тамасхур гуфт майор.— Он дунёро ҳам саёҳат карда омадед... Аз дидаю шунидаҳоятон ба мо ҳам чорта ҳикоя мекардагистед?

пешина
аз 102
навбатӣ