Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
омади коркунон ва нақлиёти конро таки чашм карда мегашт, вақти бозгашти кассирро яқин медонист.
Ин тарафи воқеа маълум аст. Мошини сабукрав ба мехи сари роҳи худ бархӯрда, аз ҳаракат бозмонд ва онҳо аз камингоҳашон баромада, нияти худро ба амал бароварданд, аммо фириб хӯрданд: на дар дасти кассир, на дар дасти шофер аз ҳуҷҷатҳои ба онҳо даркорӣ чизе набуд.
— Аз куҷо медонистед, ки кассир беяроқ аст? — савол кард Сафаров.
— Кассир беяроқ? — такрор, пурсид Ҳотам. — Мо инро намедонистем...
— Дурусттар фикр кунед, ба ёдатон меояд.
— Ба худо ки намедонистем, ба ҳар ҳол ман, шахсан ман, аз беяроқ будани кассир хабар надоштам.
— Нодуруст, хабар доштед! — сахт карда гуфт майор.
Мӯйсафед дақиқае фикр карда истод, баъд оби дар истакон боқӣ мондаро бо як култ нӯшиду айёрона лабханде карда гуфт:
— Шумо, аз афташ, Акбарро надидаед. Вай бисёр усто буд. Магар мумкин буд, ки кассир ӯро дида, дар дилаш гумони бад пайдо шавад? Не-е, — мад кашида гуфт Ҳотам ва боз лабханде кард. — Ҳар кас, ки ӯро дид, беихтиёр хандида, аз тамошояш завқ мебурд.
Ҳотам хомӯш шуд. Майор таклиф намуд, ки мӯйсафед нақлашро давом диҳад.
— Гапам тамом, — гуфт Ҳотам. — Дигар чӣ мегӯям?
— Аз ҳама муҳимтарашро ҳанӯз нагуфтаед. Минаро ба шумо кӣ дод? — пурсид майор ва «ангиштпораи» ба Ҳотам шиносро ба рӯи стол бароварда монд.
— Акбар, — рост ба чашмони майор нигоҳ карда гуфт Ҳотам.
— Дар қаровулхонаи шумо передатчикро кӣ кор фармуда буд?
— Аз мурданам хабар дораму аз ин корҳо хабар надорам. Биллоҳи азим!
Сафаров аз ҷояш бархоста, ба ин тарафи стол гузашту ба мӯйсафед наздик омада гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё