Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
ёрдамчиҷенаш аввал хонаи истиқоматии ӯро кофтуков карданд. Аз девораи обрез (аз тоқҷаи махсус кофташуда) ва аз мағзи як лӯлаи чиркини пахтагин ду дастаи латтапечу қандирбанди пул ёфт шуд. Ҷобиров аз байни либосҳои пирамард камзӯлчаи нимтанаеро ёфта гирифт, ки як тугмааш набуд. Тугмаҳои камзӯлча маҳз аз ҳамон тугмае буд, ки аз роҳи кон, аз ҷои фалокати автомобиль пайдо карда буданд.
Акнун мумкин тасдиқ кард, ки Ҳотам Ҳомидов дар ташкили фалокати роҳи кон ва қатли шоферу кассир шахсан иштирок кардааст.
Майор бо ин ҳам қонеъ нашуда, Комиловро ҳамроҳи худ гирифта ба қаровулхонаи анбори ангишт рафт. Ҳотамбой ду соли охир нисфи умри худро дар ҳамин қаровулхона мегузаронид. Шояд аз ин ҷо ҳам ягон далели шайъ ёфт шавад. Аммо бисёрии ашёҳои ин ҷо ба ҳар ду қаровул, ки бо навбат кор мекарданд, тааллуқ дошт.
Сафаров атрофи қаровулхонаро аз берун давр зада ба хона баргашта буд, ки Комиловро дар сари кори аҷибе дид. Вай печкаи чӯяниро ба рӯи столи фарсудаи шалақ чаппа карда, хокистари порсолагии онро бо ангуштонаш тит мекард.
— Пули майда дар хокистар! — бо тааҷҷуб гуфт Алиҷон. — Чаро пулро ба ин ҷо партофта бошад?
Майор наздик шуда дид, ки Комилов чорто бисттиний, панҷто сетиний ва дуто панҷтиниро алоҳида-алоҳида чида мондааст.
Комилов аз киса пурбинро бароварда, тангаҳоро як-як аз назар гузаронд.
— Ҳа? — пурсид майор.
— Не, ҳеҷ нишонае ё хате нест, — ҷавоб дод Комилов ва худ ба худ гап задан гирифт: — Ҳаштоду тину бисту панҷ тин. Як сӯму панҷ тин... ҳаштоду бисту панҷ...
— Истед, — хитоб кард майор, — ҳаштоду бисту панҷа? Ин рақамро дар куҷое дида будам... — Ӯ саросема аз кисааш дафтарчаи қайдҳояшро бароварда варақ зад. — Шуд, Алиҷон, ёфт шуд, ин рақами самосвали Шавкат аст. Фаҳмидед?
Силсилаи томи мулоқотҳо, нақлҳо аз назари хотири

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё