Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Мо вақт надорем,
муаллима,— гуфт майор ва ба мизбон барои
меҳмоннавозиаш ташаккур хонд.

— Ҳеҷ гап не, вақти
шуморо бисёр намегирам,— гуфт муаллима.

Дар ин вақт Комилов аз ошхона як куртаи нимостини осмониранги раҳ-раҳро бардошта омад.

— Мебахшед, муаллима,— гуфт ӯ.— Ин
куртаро аз куҷо ёфтед?

Майор сабаби кунҷковии Алиҷонро дарҳол фаҳмида, аз мушоҳидакории ӯ хурсанд шуд. Матои курта бо ҳамон парчаи остин, ки аз ҷои фалокати автомобил дар роҳи кон ёфт шуда буд, тамоман ҳамрангу ҳамнакш буд.

— Ин куртаи писарам аст,— бо тааҷҷуб ҷавоб медод дар ин вақт муаллима.— Ту ӯро мешиносӣ-ку, Алиҷон. Ҳоло ба Ленинград рафтагӣ, ба мусобиқаи физкултурчиҳо.

Комилов ба ҳар тарафи курта бо диққат зеҳн мемонд. Курта тамоман бутун буд.

— Боз ягонҷо ҳамин хел курта надоштед?
— Боз якто буд,— ҷавоб дод муаллима, ки аз ин саволҳо торафт бештар тааҷҷубаш меомад.— Худаш чӣ гап, Алиҷон? Чӣ шудааст?

— Қанӣ он дигараш? — саволи муаллимаро беҷавоб монда, боз пурсид Комилов.

— Ба як кас ҳадя кардам.
— Ба кӣ?
— Э, як бечораи худо ҳаст, Насим гуфтагӣ як девона.

— Насим?— пурсид Сафаров ба гуфтугӯ ҳамроҳ
шуда.— Шумо чӣ тавр бо Насим шинос шудед?

пешина
аз 102
навбатӣ