Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Майор чизе гуфтани шуда лаб кушода буд, ки муаллима ба ӯ сухан надода, гуфт:
— Чаро аз квартираи панҷум якбора ба ҳабдаҳум гузашта рафт, гуфта ҳайрон нашавед. Беҳтараш шаф-шаф нагуфта, шафтолу гӯем монем. Ман охир аз мақсади шумо пай бурдам.
— Хайр, ихтиёр ба худатон, — хушҳолона фикри муаллимаро қувват дод Сафаров.— Агар дар дилатон ягон гумон ё шубҳае бошад, гӯеду монед.
Муаллима нақлашро давом кунонид:
— Дар квартираи рӯбарӯи ман як ҷавонзан истиқомат дорад. Дар дӯкончаи китобфурӯшӣ кор мекунад.
— Кадом дӯконча? — гуфта пурсид Алиҷон.
— Оҳ беқарор-е—ҳазломез Алиҷонро таъна кард муаллима.—Сабр кун, худам аз як сар нақл мекунам. Ман чӣ гуфта будам? Ҳа, дар дӯкончаи китобфурӯшӣ, ҳо-о дар наздикии банк, ба ёдатон омад? Номаш Антонина Семёновна... фамилияаш ҳоло чӣ буд, ҳа, Волощук. Афташа бинед, мегӯед, ки зани як одами дуппа-дуруст. Аммо агар дурусттар диққат карда истед, маза надорад. Ҳар моҳ як хушдори нав. Ихлоси кас мегардад. Ҳозир дар хонааш боз як домоди нав пайдо шудагӣ. Ба ҳамсояҳо гуфтааст, ки акнун ҳамин одамро шавҳар интихоб кардааст.
— «Домоди нав» гуфтед? — изтиробашро базӯр пинҳон дошта пурсид Сафаров.— Қай омадааст?
— Ягон чор-панҷ рӯз шуд.
— Худатон ин домодро дидед? Афту андомаш чӣ хел?
Дидам, чанд бор дидам. Қаддароз, лайлак барин, аспрӯ, танаш логаракак.
Офицерон ба ҳамдигар нуқтаомез нигоҳ карда гирифтанд.
Аз ошхона чирингоси сарпӯши чойник ба гӯш расид. Муаллима аз ҷо хестанӣ буд, ки Алиҷон аз ӯ пештар бархоста, «шумо нишинед, чойро ман дам мекунам» гӯён ба он тараф шитобид.
— Меҳмонҳои банасиба будаед. Дина як самбӯсаи нағз пухта будам. Ман ҳозир...— гӯён муаллима ҳам аз ҷояш бархост.

пешина
аз 102
навбатӣ