Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
баробари дидани Алиҷон хандаву шӯҳикунон дарро ба рӯи онҳо васеъ боз намуд ва ба даромадан таклиф кард. Офицерон ба хона даромада нишастанд. Муаллима ба қиёфаи шогирди худ синчакунон нигоҳ карду дар назди меҳмонон дастурхон кушода истода гуфт:
— Аз афти Алиҷон маълум, ки шумо ба ман ягон хабари аҷоиб овардаед. Оё ҳамин тавр нест?
— Хабар не-куя, як ду савол доштем, — гуфт Сафаров атрофи хонаро аз назар гузаронда.
— Осуда бошед, — гуфт муаллима, — дар хона ба ҷуз ман касе нест.
Сафаров арзи муддао намуд.
— Ҳӯ, кори бисёр мушкилро ба ман фармудед, — гуфт муаллима мақсади меҳмононро фаҳмида. — Хайр, як зӯр зада мебинем. Лекин худам дар ин ҳавли дувоздаҳ сол ин ҷониб истиқомат карда, ҳамаи бошандагони ҳавлиро аз ҳафтсола то ҳафтодсола шиносам ҳам, гуфта наметавонам, ки фалонӣ бешубҳа одами хуб асту фалонӣ шахси бад. Ана ҳамин нуктаро аввал гуфта монам...
Муқаддимаи мулоҳизакоронаи ин зан ба майор Сафаров хуш омад ва ӯ аз муаллима хоҳиш намуд, ки гапи худро бе истиҳола гуфтан гирад.
— ...Сокинони квартираи чорум, дар ин ҳавлӣ одамони наванд, — суханашро давом дода гуфт муаллима. — Сардори оила инженери алоқа мебошад. Эҳтимол шумо донед, ки аксарияти сокинони ин ҳавлӣ, ғайр аз ман ва боз як нафақагир, дар муассисаҳои алоқа кор мекунанд. Инженерро ба ин ҷо вазорат аз Чита, ё намедонам аз Хабаровск — коре карда аз Шарқи Дур — даъват кардааст. Одами хуб барин менамояд, занаш ҳам занаки нағз, шӯҳакак, кушоддилакак. Боз чӣ гӯям? Ҳаминаш кифоя будагист. Дар квартираи панҷум ҳамон пирамарди нафақагири навзикркардаам бо кампираш зиндагонӣ мекунад. Инҳо ҳам ба шумо лозим нестанд, ман охир аз мақсади шумо пай бурдам, — хандида гуфт муаллима ва боз суханашро давом кунонид: — Акнун биёем ба квартираи ҳафдахум, ки дар рӯбарӯи хонаи ман аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё