Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Зуд ба кон равед, капитан! Минёрро низ ҳамроҳатон бигиред.
— Итоат!
— Бифаҳмед, ки аз ангишткашони кӣ пешакӣ огоҳ буд.
— Шавкатро ҳам даст гирифтан лозим.
— Кӣ гуфт?
Ҳама хомӯш буданд.
— Кӣ гуфт, ки «Шавкатро даст гирифтан лозим?»
— Ман,— базӯр нидо баровард Комилов аз шармтани худро ғунча намуда.
— Шавкат гуноҳе надорад,— бо оҳанги боэътимоди баҳснопазир гуфт майор.— Баръакс ӯ мехоҳад ва метавонад ба мо ёрдамӣ кунад. Агар гумони ман рост барояд, як нӯки ришта моро ба анбори ангишт мебарад. Дар хотир доред, передатчики номаълум бори аввал аз қарибиҳои анбори ангишт садо бароварда буд?
— Пас ҳамаи ин кори Бевзюк аст,— изҳори ақида карда кафт Комилов. Вай аз афташ, бисёр мехост, ки номи душмани пинҳонкорро аввалин шуда ба забон гирад.
— Далел?— мухтасар пурсид Сафаров.
— Шавкатро ба ангишт Бевзюк фиристодааст. Ғайр аз ин таппончаи кассир...
— Боз саросема мешавед, Алиҷон,— бо оҳанги носеҳона гуфт Сафаров.— Дуруст мулоҳиза накарда, аз касе гумон бурдан хуб нест...
Ҷобиров ба кон шитобид. Суриков ба анбори ангишт рафт.
Сафаров ва Комилов ба сӯи почта равон шуданд, то ки биноҳои дар паҳлӯи он бударо тафтиш кунанд.
Дар роҳ Комилов аз сардораш илтимос намуд:
— Иҷозат диҳед, ҳавлии якумро ман тафтиш кунам.
— Чаро?
— Ин ҳавлӣ ба ман шинос. Як муаллимаам дар ҳамон ҷо истиқомат мекунад.
— Бисёр хуб,— гуфт Сафаров ва шӯхиомез илова намуд:— Агар зид набушед, ман ҳамроҳатон равам?
Муаллима дар ошёнаи дуюм мезистааст. Вай

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё