Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Восеев ба онҳо лозим нест. Бо ин корашон диққати моро ба дигар тараф кашиданӣ ҳастанд. Асли мақсади онҳо...— майор суханашро чала монда, ёрдамчиёни худро як-як аз назар гузаронду гуфт:— Чист асли мақсади онҳо?
Касе ҳарф намезад. Комилов, Макрушев ва Суриков, ки онҳоро майор банохост даъват карда буд, аз хабари нави Ҷобиров оварда тамоман гаранг шуда буданд.
— Фурсат бисёр танг,— гуфт Сафаров худ ба худ ва матни кодограммаро аз ғалладони стол бароварда, бо овози баланд хонда дод.
— Капитан, канӣ нақл кунед, имрӯз дар кон чӣ корҳо шуд?— муроҷиат намуд ӯ ба Ҷобиров.
Ҷобиров ҳамаи навигариҳои имрӯз дар кон фаҳмидаашро муфассал ҳикоя кардан гирифт. Ягон ҷузъиёти ҳаёти пурҷӯши як коллективи ин қадар бузург аз нақли ӯ берун намонд. Бригадаи бинокорони кон дар як вазъияти ботантана сохтмони ҳаммоми калонеро сар кардааст. Як коргар дар комитети маҳаллии иттифоқи касаба барои путёвкаи курорт ҷанҷол барпо намуда, раиси комитетро дашноҳ додааст... Шавкат аз шаҳр ангишт овардааст... Дар шахтаи рақами ду...
— Сабр кунед,— гуфта сухани ӯро бурид Сафаров.— «Ангишт овард» гуфтед-а. Ростӣ, имрӯз худи Шавкат ҳам гуфта буд, ки барои ангишт омадааст... Ман мегӯям, ки мабодо дар байни ҳамин ангишткашонӣ ва хабари передатчики ношинос ягон алоқа бошад-а?
— «Ғами зимистон хӯрдагӣ»,— калимаҳои кодограммаро андешамандона такрор кард Суриков.— Гапатон гӯё ҷон дорад, рафиқ майор.
— Чанд раҳ ангишт овард Шавкат?— пурсид майор.
— Ду раҳ.
— Ба куҷо бурда рехт?
— Инашро аниқ намедонам. Лекин ангиштро одатан ба деҳхонаи стансияи электр мебаранд.
Дар пешонаи майор донаҳои арақ пайдо шуданд. Ӯ тез-тез фармон додан гирифт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё