Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Насим дар қарибиҳои ҳамсояамон Тося, ҳамин ҷавонзани нав гуфтаам кор мекунад.
— Волощук?
— Бале, Антонина Семёновна Волощук. Гоҳ-гоҳе ин девона ба Тося ёрдам карда, китоб-митоб ё ягон бори дигари вазнинашро бардошта меорад. Дар як омаданаш ба ман аз рӯи ҳавлӣ об оварда дод (ҳамон рӯз водопроводи хонаро ким-чӣ балое зада буд). Тани майка буд, раҳмам омада, ҳамон куртаи нимдошти писарамро бароварда додам. Бисёр хурсанд шуд, бечора, ҳатто рақс карда дод...

Нақли муаллимаро дигар на Сафаров гӯш мекарду на Комилов. Чашми онҳо ба муаллима буду хушу ёдашон дар ким-куҷоҳо сайр мекард... Ошноии Тося Волощук ва Насим беғараз нест. Шояд «Чиян» худи ҳамин Насим бошад? Ё «Тағо», ё худ «Депутат» бошад? Пас Макрушев чӣ гуна маълумот ғун карда буд, ки «ба девонагии Насим заррае ҳам шубҳа нест» гӯён даъво мекард?

Сафаров аз муаллима иҷозат хоста, ба хонаи хоби ӯ ба назди аппарати телефон рафт.
— Касалхона? Ба ман профессор Чуприн лозим, — гуфт Сафаров аз рӯи эҳтиёт бо овози паст.
— Аркадий Кузьмич дар хонаашон, — ҷавоб дод духтури навбатдор.
— Пас рақами телефонашонро мегуфтед... Раҳмат.

Сафаров дубора телефон кард.
— Аркадий Кузьмич? Салом. Майор Сафаров гап мезанад. Бале, нағз, раҳмат, аз худатон пурсем... Мебахшед, ки дар ин бевақтӣ нороҳат кардам... Аркадий Кузьмич, гап ҳамин, ки ду сол пеш як колхозчии ҷавон аз қишлоқи Баландтеппа ба касалхонаи шумо афтода будааст. Ҳа, ҳа, номаш Насим. Чӣ Шумо афти ӯро надидаед? Чӣ хел? Ҳа, дар вақти набуданатон оварда, чанд рӯз пеш аз баргаштанатон ҷавоб додаанд.... Лекин номаш дар хотиратон мондааст-а? Ҳа-а, қаҳратон омада буд, ки бе иҷозати шумо ҷавобаш додаанд? Фаҳмида шуд, Аркадий Кузьмич. Раҳмат, раҳмати калон, Аркадий Кузьмич...

пешина
аз 102
навбатӣ