Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Бале, аз они Собиров, рафиқ капитан. Воҳид пеш аз сафари охиринаш дода гуфт, ки эҳтиёт карда монам. «Чаро?» гуфта пурсидам, гуфт, ки «ба шаҳр бардошта рафтан ноқулай аст». Мани ҳафтафаҳм напурсидаам, ки чаро ҳамин қадар вақт бардошта гаштан кулай буду акнун нокулай шуд? Сонӣ, дилам ба ҳазор кӯча рафта омаду худ ба худ тарсидам, аммо Воҳид кайҳо ба роҳ баромада буд. Баъди он фалокат ба шумоён ҳам зуд нагуфтам, гумон кардам, ки бовар намекунед.

Ҷобиров ба хотир овард, ки Пётр Степанович дар сари роҳ, дар ҷои фоҷиа аз майор пурсида буд: «Агар худамон ягон чиз фаҳмем, бе даъват биёем, мешавад?». Ана нимкосаи таки коса дар ин ҷо будааст.

— Албатта, — мегуфт Бевзюк, — ман набояд таппончаро мегирифтам. Лекин, сабил монад, майна ки кор накард, душвор-дия.

Капитан ба қиёфаи ҳаросони ҳамсӯҳбаташ нигоҳ карда ӯро таскин дод:

— Ман ба шумо бовар мекунам, Пётр Степанович. Лекин ҳақиқатан ҳам, таппончаро гирифтан лозим набуд.

— Одамизод шири хомхӯрда-дия. Чӣ илоҷ, — гуфт Бевзюк ва даст ба сари сина монда илова намуд: — Аз шумо бисёр миннатдорам, рафиқ капитан, раҳмат.

Пётр Степанович меҳмони худро боз муддате нигоҳ доштанӣ буд, вале ӯ «корам бисёр» гуфта наистод. Ҷобиров мехост танҳо монда, маълумоти тозаро нағзакак мулоҳиза намояд. Воқеа ба ҷои равшан шудан, баръакс торафт чигил шуда истодааст. Кассир барои пулгирӣ мерафту таппончаи худро монда рафтааст, боз онро дар хонааш ҳам намонда, ба дасти касе супурдааст. Аҷаб корҳо...

Капитан қарор дод, ки бо муҳандисони кон Восеев ва Боронов вохӯрда сӯҳбат кунад.

Восеев марди фарбеҳи миёнсоле буд. Вай эҳтимол, бисёр кор мекардааст, ки шабҳои бедорхобӣ дар чеҳраи рангпарида ва чашмони хоболуди хастанигоҳаш осори худро гузошта буданд. Ӯ Ҷобировро дар роҳрави идораи кон истиқбол гирифта, дарҳол ба

пешина
аз 102
навбатӣ