Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Андакаш зарар надорад, ҳатто баръакс нафъ
мекунад, мегӯянд.
Пётр Степанович қадаҳашро холӣ кард. Дақиқае пас дар ҷабинаш зарраҳои дурахшони арақ пайдо шуданд. Ҷобиров ҳис мекард, ки ин одам ӯро бехуда ба хонааш таклиф накардааст, бинобар ин мунтазир буд, ки кай ба сари мақсад меояд.
— Сабаби фалоқатро ҳанӯз нафаҳмидаед?— пурсид ниҳоят Бевзюк.
— Не.
— Албатта... охир... кори осон нест,— нимгурма гуфт Пётр Степанович.
Сӯҳбат ҳеҷ наметасфид.
Бевзюк боз ба қадаҳ арақ рехта нӯшид.
— Намедонам, аз чӣ сар кунам,— гуфт ӯ баногоҳ.— Масъала бисёр масъалаи нозук. Метарсам, ки ба гапам бовар намекунед.
— Чаро бовар намекардаам, Пётр Степанович?
Гап задан гиред!— гуфт Ҷобиров. Вай ҳар чанд, ки ботинан ба ҳаяҷон омада буд, худро ором вонамуд мекард.
Бевзюк боз як қадаҳи дигар нӯшид. Ҳам аз шаробу ҳам аз изтироб тасфида кители худро аз танаш кашид. Равшан буд, ки ӯ чизе гуфтанист, вале ҷуръат намекунад.
— Ба хаёлам, пулро надуздидаанд-а?—пурсид ниҳоят Пётр Степанович.
— Не, пул дар ҷояш.
— Ҳуҷҷатҳои касса чӣ?
— Ҳуҷҷатҳо ҳам.
— Уф-ф, хайрияте,— оҳи сабук кашид Пётр Степанович.— Хайрият аз гумон баромадам, мани бечора ғам хӯрда мегаштам, ки мабодо дуздон барои ғорати касса қасдан ҳамла карда бошанд.
— Чаро шумо ғам мехӯрдед?
— Охир ман... Собиров ба ман...— гуфта мудири хоҷагӣ забон хоида монд. Баъд «ҳар чи бодо бод»
гуфтагӣ барин даст афшонду шитобон аз ҷо бархоста, дари чевонро яла кард ва аз он ҷо таппончаи ғилофдореро баровард.
— Аз они Собиров?!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё