Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Клава саросема бархосту тез-тез қадам монда бадар рафт.
Аз рафтори ӯ Комилов мутаҳайир буд.
— Чӣ гуна одам аст ин духтарак? — пурсид Алиҷон аз сардори банк.
Сардор Клаваро аз ҳар ҷиҳат таъриф кард. Воронцова институти молияи Маскавро тамом кардааст. Нимсол аст, ки дар банк кор мекунад. Духтари ӯҳдабаро, меҳнатдӯст. Аъзои комитети маҳаллии иттифоқи касаба. Дар кӯчаи Ботаникӣ, дар ҳамон ҳавлии нави аркдори атрофаш панҷара истиқомат мекунад.
Лейтенант хайрухуш карда баромад.
Фикри ӯро Клавдия Воронцова банд карда буд.

МАЪЛУМОТИ ТОЗА

Қапитан Ҷобиров ҳангоме ки ба сӯи кон роҳ мепаймуд, дар хаёли худ рӯйхати одамонеро, ки ҳамроҳашон мебоист сӯҳбат кунад, тартиб медод. Дар аввали ин рӯйхат номи сарбухгалтери кон, мудири хоҷагӣ ва шофер Шавкат буд.
Хабари фоҷиа дар кон кайҳо паҳн шуда буд. Ҷобиров дар ҳама ҷо одамони чеҳраҳошон ғамгин ва мушаввашро медид.
Дар бухгалтерия ба ӯ гуфтанд, ки Воҳид Собиров одатан моҳе ду маротиба пул оварда, ба коргарон тақсим карда медод. Пештар ӯ аслан ба шаҳр кам мефаромад, лекин вақтҳои охир рафтуояш зиёд шуда буд.
Ҷобиров пурсид, ки «вақтҳои охир» гуфта чӣ муддатеро дар назар доранд? Сарбухгалтер шарҳ дод, ки се-чор ҳафтаи охир. Хусусан рӯзҳои охир ӯ бо ҳар баҳона ба шаҳр мерафт, аксар шабро дар он ҷо гузаронида пагоҳи дигар бармегашт. Ҳатто ду маротиба ба кор дер ҳам омад. Доимо бо хавоси парешон мегашт. Сарбухгалтер дермониҳои Собировро баҳона карда, бо ӯ дурусттар гапзанон карданӣ, ба ҳамин восита дарди дилашро фаҳмиданӣ шуда, кӯшише карда буд, аммо натиҷа набахшид. Собиров гиреҳи дилашро накушод.
Қапитан инчунин муайян кард, ки Собиров агар

пешина
аз 102
навбатӣ