Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чанд дақиқа ҳар ду хомӯш нишастанд. Сонӣ духтараки ситорагарми малламӯе дохили кабинет шуд. Вай ба Комилов салом дода, назари саволомези худро ба рӯи сардораш дӯхт.

— Шинос шавед, — гуфт сардор, — Клавдия Васильевна Воронцова... лейтенант Комилов...

Духтарак каме тааҷҷуб кардагӣ барин шуда, ба сӯи Комилов як назар афканд.

Лейтенант ӯро ба нишастан таклиф кард.

— Ҳа, дар воқеъ нишинед, Клавдия, — гуфт сардор, ки ҳанӯз хотираш ҷамъ нашуда буд.

Духтар дастони худро ба рӯи зонуҳош монда нишаст.

«Ман ҳозир бояд ба ваҷоҳати ин духтарак зеҳн монам, хурдтарин тағйироти онро пай барам», — аз дилаш гузаронд Алиҷон ва савол дод, ки кассири кон Воҳид Собиров чӣ вақтӣ пул гирифта буд?

— Ним соат пеш аз тамом шудани кор, — фикр накарда зуд ҷавоб дод Воронцова.

— Чанд пул гирифт?

Духтарак боз ҷавоб дод.

— Хӯш, — гуфт лейтенант ва дар майнааш саволи дигарро тайёр намуд: — Вай танҳо буд, ё касе ҳамроҳаш буд?

— Танҳо, — гуфта ҳамчунон тез ҷавоб дод Воронцова, вале Комилов пайхас намуд, ки ба чеҳраи духтарак як ҳисси хавотиромез лаҳзае акс ёфт.

— Яқин медонед?

— Ҳо, яқин, — таъкид намуд духтарак ва дар навбати худ савол дод: — Чаро аз ман ин гапҳоро мепурсед?

— Собировро куштаанд.

Ранги рӯи Клава парид, лаби маҳини лолагунаш ба таври аҷибе каҷ шуда рафту дақиқае латофати худро гум кард. Аммо духтарак дарҳол худро ба даст гирифт.

Муддате ҳар се хомӯш монданд.

— Дигар савол надоред? — пурсид Клава.

— Не.

— Ба ман ҷавоб?

— Ҳо, ҷавоб.

пешина
аз 102
навбатӣ