Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
— Хайрият, масъала равшан шуд, — гуфт ниҳоят Сафаров ва нафаси сабуке кашид.
— Чӣ равшан шуд? — пурсид лейтенант.
Сафаров ба ҷои ҷавоб хулосаи духтурҳоро хонда дод ва илова намуд:
— Кассир пеш аз афтоданаш ба ҷарӣ ду бор корд хӯрдааст.
— Бадбахт, — гуфта монд Алиҷон.
— Шофер ҳам ба сараш сахт зарб хӯрдааст. Қосахонаи сараш ду тақсим шудааст.
— Аз ин қадар баландӣ афтода ба санг занад, албатта чил тақсим ҳам мешавад, — изҳори ақида кард Комилов.
— Хӯш, хӯш, давом додан гиред, — таклиф намуд майор. — Ба фикри шумо воқеа чӣ тавр рӯй дода буд?
— Чӣ тавр? — такрор кард лейтенант ва дақиқае ба андеша рафт. — Ба фикри ман, шофер бо мақсади аз худ кардани пул касирро... Э, не, ин тахмин намешавад, — ӯ даст афшонда, худ ба худ эътироз кард ва аз майор хоҳиш намуд: — Иҷозат диҳед, ман гӯш карда истам?
— Пас, сухан ба шумо, капитан, — гуфт Сафаров.
Ҷобиров одами мулоҳизакор буд, вай ҳамеша пеш аз сухан кардан фикрҳои худро дар майнааш ба тартиб андохта, дурустӣ ва асоснокии онҳоро пухта месанҷид. Ин дафъа ҳам, капитан ба столи Сафаров наздик шуда, чизҳои дар рӯи он бударо муддате бо диққат аз назар гузаронд. Сонӣ бо иҷозати майор ин чизҳоро аз сари нав ҷо ба ҷо кардан гирифт. Вай хусусан ба латтапора ва тугмаҳо бештар эътибор медод. Ниҳоят, онҳоро ба се тӯдача тақсим намуд. Хӯш,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё