Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа
Сафаров ва то аз назар ғоиб шудани мошини кон аз қафои он андешамандона нигоҳ карда истод. Баъд ба Комилов гуфт: — Аз боло то поён дафъаи дигар нағзакак дида баромадан лозим. Таппончаи кассир ҳанӯз ёфт нашудааст.
Аммо ҳар қадар кобанд ҳам, таппонча ёфт нашуд.
ЯК ТАҲМИН
Дар рӯи столи Сафаров тӯда-тӯда меху тугма, латтапораю пулҳои коғазин ва дигар чизҳои аз ҷои воқеа ёфтшуда мехобид.
Тирезаи кабинет яла буд. Аз берун насими тароватбахши пагоҳон меомад, ғалоғулаи шаҳри нав аз хоб бедор шуда ба гӯш мерасид.
Сафаров ва Комилов навакак дар роҳ нони хонагӣ ва ҳасиби Ҷобиров овардаро хӯрда, шикамҳои худро як навъ сер карда буданд. Ҳозир ҳар кадоме як-той пиёларо гирифта, беист чой менӯшиданд.
Майёр гӯшаки телефонро бардошта хост, ки бо хонааш гапзанон кунад, вале боз аз раъяш гашт. Занги телефон мумкин бачаҳоро бедор кунад. Агар онҳо дар ин вақт бедор шаванд, дигар, рӯятонро ба хок молед ҳам, гашта хоб намекунанд, баъд то бегоҳ инҷиқӣ карда, модару модаркалони худро гаранг мекунанд. Хайр, ҳеҷ гапе нест, ба шабкориҳои Сафаров аҳли хонаводааш одат карда мондаанд.
Комилов дар курсии рӯ ба рӯи майёр машғули фикру андеша менишаст. Вай зӯр зада муаммои он ҳодисаро кушодан мехост, аммо ягон фикри тоза ба майнааш намеомад.
Капитан Ҷобиров ба кабинет дохил шуд.
— Хулосаи тиббиро овардам, рафиқ майёр,— арз намуд ӯ.
Сафаров коғазро гирифта ба хондан даромад.
— Як пиёла чой резед, Алиҷон,— гуфт ӯ аз коғаз чашм наканда.
Комилов чой мерехту як чашмаш ба варақаи хулосаи тиббӣ буд. Ӯ мехост, ки зудтар аз мазмуни ин варақа огоҳ шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё