Зеҳн
Тири хокхӯрда

Китоби бадеӣ дар бораи рӯйдоду мушкилоти ҳаёти одамон ҳикоят мекунад. Ин асари адабӣ тасвири воқеаҳои гуногуни ҷомеаро дар бар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 102 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Генерал ба Сафаров як варақ қоғази дар машинка чопкардашударо дароз кард. Ин тарҷумаи русии як қисми «ахбори ҷаҳон» буд, ки як радиостансияи хориҷа ҳамагӣ соате пеш аз ин ба забони англисӣ шунавонидааст. Майор медонист, ки чанд радиостансияи пуркуввати кӯтоҳмавҷ ҳар рӯз пагоҳӣ ва шабона ба забонҳои форсӣ, туркӣ, арабӣ, ҳиндӣ, хитой, англисӣ ва ғайра хабарҳои пур аз дурӯғу бӯҳтон мешунавонанд. Ҳар қадар муваффақиятҳои мамлакати мо дар талоши сулҳ ва ҳамкории халқҳо зиёд шавад, обрӯю нуфузи он дар назари одамони некиродаи олам ҳар қадар афзояд, радиостансияҳои мазкур сели бӯҳтону дашноми оҷизонаи худро ҳамон қадар қувват медоданд.

Имшаб яке аз он радиостансияҳо бо тантанаи зиёде хабар додааст, ки Иттифоқи Советӣ дар кӯҳсори аҳолинишини ҷануби мамлакат санҷиши яроқи атомиро гузарондааст. Таркиши яроқ гӯё чунон зӯр будааст, ки кӯҳҳо об шуда, ба сари водиҳо фурӯ рехтаанд. Даҳҳо қишлоқҳо яксони замин шуда, ҳазорон хонаводаҳо несту нобуд гаштаанд.

Баъд диктор ин «ҳодисаи фавқулодда»-ро бо садсолагии ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна алоқаманд карда гуфтааст, ки овозаҳо дар бораи ободию равнақи Осиёи Миёнаи советӣ ҳама гапи дурӯғ аст ва ҳоказо ва монандӣ инҳо.

— Уҳ, хонасӯхтаҳо! — гуфта монд Сафаров ва варақаро ба сардораш баргардонид.

Ҳар ду чанд дақиқа хомӯш монданд. Онҳо, аз афти кор, фикр мекарданд, ки агар ин ҳама «Тағо»-ю «Чиян»-у «Депутат»-у «Арӯс»-ҳо ба мақсади ифлоси худ мерасиданд, ғайр аз зиёни бузурге ки худи мо медидем, боз чӣ қадар одамон дар хориҷа, муваққатӣ бошад ҳам гумроҳ мешуданд.

Генерал ба ёрдамчиаш фармуд, ки ҷосусро биёранд.

Билдинг мисли пешина ҷавоб додан нахост. Он гоҳ ба ӯ матни англисии «ахбори ҷаҳон»-ро бо магнитофон шунавониданд.

Дар ваҷоҳати ҷосус андаке дигаргунӣ зоҳир шуд. Аммо ӯ зуд худро ба даст гирифт.
— «Ғами зимистон хӯрдагӣ рӯзи якшанбе тӯй», — матни кодограммаи Билдингро бо овози баланд хотиррасон кард майор.
— Тӯятон ба азо гашт, ҷаноб, — бо тамасхур гуфт генерал. — Аз пода пеш чанг кардаед.
Билдинг боз муддате хомӯш нишасту баъд якбора ба тавбаву тазаррӯъ даромад.

с. 1958

пешина
аз 102