Зеҳн
НАИМҶОН НАЗИРӢ, ДАР ИДИ АЛИФБО

Зира – аҷаб духтарак, Духтари гапнодаро! Хўрдааш ошаш шавад! Дегу табақро чаро Ҳеҷ намешўяд ў?

Валиев Султон · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа · 1 писанд

Кӯдакон
Аз аввал хондан

ҶУЛИК

Як ҷонвари хабаркаш

Ҷулик будаст номаш.

Ҷояш биёбон будаст,

Дар дашту майдон будаст.

Бо нолаю бо фиғон,

Баромадаст ба осмон.

Ба Симурғи паҳлавон

Хабаркашӣ мекардаст,

Гапфурўшӣ мекардаст.

Шикоятҳояш бисёр:

Аз ёру хешу табор,

Аз Одаму аз Ҳавво,

Аз кўдаки бегуноҳ,

Аз тамоми парранда,

Аз тамоми чарранда,

Мегуфтаст, ки

–Гунҷишкак,

Беақлӣ дорад андак.

Чириқ-чириқ мекунад,

Мардумро зиқ мекунад.

Уштур каҷу килеб аст,

Лабаш андак безеб аст.

Мўрчаҳо бор мекашанд,

Фақат дар ғами хешанд.

Маҷнунбед саркашол аст,

Сади роҳи шамол аст.

Зоғон қар-қар мекунанд,

Гўшамро кар мекунанд.

Уқоб – вазири Симурғ,

Шунид ин ҳама дурўғ.

Ҳамаро ба шоҳ фаҳмонд,

Ҷуликро з-он ҷо биронд,

Он Ҷулики хабаркаш

Дар ҳаво бо шўру ғаш

Гоҳ меистад муаллақ,

Доду вояш дар фалак.

Мудом аз мардум ҷудо,

Ҷулулу дорад ҳоло.

Хабаркашро одамон

Ана аз ҳамон замон,

«Дилаш торик» – мегўянд,

Будаст Ҷулик мегўянд.

МОМОҶУРҒОТАК

Момоҷурғотак,

Ҷурғоти ту ку?

Омадӣ аз кўҳ,

Савғоти ту ку?

Момоҷурғотак,

Ҷонвари зебо

Як коса ҷурғот

Медиҳӣ бар мо?

– Аз ҷурғоти нав

Дўғ кашам ман,

Аз дўғи ширин

Мегирам равған.

Равғани маска–

Доруву дармон.

Фатиру маска–

Ҳаловати ҷон.

пешина
аз 14