Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

БАРФИ КАЛОНИ ЛАКЛАКӢ

Ҳой, бачаҳои амакӣ,
Чашм кушоед ҳамагӣ!
Борида имшаб шабакӣ
Барфи калони лаклакӣ!
Гӯй ҳазор лаклакон
Рафта ба авҷи осмон,
Пошидаанд аз сарамон
Тибитҳои нармашон.
Нукра ба бар кӯҳу камар,
Беду сада — салла ба сар,
Пӯшида боғу роғҳо
Аз пари қу кӯрпаи пар.
Мӯзачаю кафшу калӯш,
Ҳарчи ки дорӣ, тез пӯш!
Бо ҷанаю бечана дав,
Омада боз фасли хуш!

ЛЕЖАКПАРӢ

Лежаки ҷон,
фар-фар
Сабук-сабук
пар, пар!
Маро чу аспи сара
Рӯ-рӯи ях бар! Бар!

Ҷӯраи ҷон, тез-тез,
Аз ҷоякат хез-хез!
Гарду нами барфро
Ба лежакат без-без!

Сармо, бикун кор-кор!
Барфи калон, бор-бор!
Дар панаҳи кӯрпаат
Яхро нигаҳ дор-дор!

пешина
аз 33
навбатӣ