Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

МАРМИҶОНИ ҶОН

Лаб-лаби ҷӯбор
Шаҳтути қатор.
Таг-таги онон
Кони мармиҷон.
Мармиҷони ҷон,
Обаки дандон.
Меваи шаҳтут
Пухта адо шуд.
Ба ҷояки он —
Нигар, мармиҷон.
Мармиҷони ҷон,
Обаки дандон.

Мармиҷон пазад,
Тирамоҳ расад,
Мавсими хазон
Вақти мармиҷон!
Мармиҷони ҷон,
Обаки дандон.
Бобои деҳқон,
Бигӯ ба моён,
Чида, бачаҳо,
Хӯред мармиҷон!
Мармиҷони ҷон,
Обаки дандон!

пешина
аз 33
навбатӣ