Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданБОРОН БОРИД
Борон борид шир-шир,
Гунҷишк парид фир-фир.
Ҷомачааш тар шуд,
Бечора музтар шуд.
Дар баданаш об рафт,
Ду почакаш хоб рафт,
Хӯрда хунук зир-зир,
Гирья намуд чир-чир.
Офтоб, баро, раҳм кун,
Бечораро гарм кун.
ТЕЗГӮЯКҲО
-
Шариф шутур савор шуд.
-
Шаш сабат шафтолу,
Се сабат себ. -
Шашсад сангпушти хокӣ —
Як шоҳсангпушти обӣ. -
Шаби сешанбе шамол хест.
-
Зариф суруд
Шӯҳ суруд. -
Ёли тоям ҷангалёл,
Пои тоям дорад хол. -
Чор ҷӯраи боғотӣ,
Чил чормағзи қоғотӣ. -
Соҳили Зарафшон —
зардолузор. -
Хуррами хаткаш
Хушхабар овард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё