Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан

Оҷааш овард тахтаю корд,
Акааш гирифт завола,
Апааш бипухт зағора.
Ҳиштала!
Ҳиштала!
Ҳиштала!
Ҳишт!
Худаки Гунҷишк бекор шишт.

Ҳиштала!
Ҳиштала!
Ҳиштала!
Ҳишт!
Бобои Гунҷишк арзан кишт.
Отааш андохт дастархон,
Оҷааш овард кулчаю нон,
Акааш арзанҷои дам кард,
Апааш дастпоккун овард.
Ҳиштала!
Ҳиштала!
Ҳиштала!
Ҳишт!
Худаки Гунҷишк омаду шишт.

пешина
аз 33
навбатӣ