Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хонданЭ, ТАНБАЛИ АҲОРӢ
— Э, танбали аҳорӣ,
Дар каллаат чӣ дорӣ?
— Телпаки барра дорам —
Қарокӯли бухорӣ.
— Э, танбали аҳорӣ,
Таги телпак чӣ дорӣ?
— Тоқии шоҳӣ дорам,
Бодомгули ҳисорӣ.
— Э, танбали аҳорӣ,
Таги тоқӣ чӣ дорӣ?
— Таги тоқӣ мӯ дорам
Чун кокули ҷуворӣ.
— Э, танбали аҳорӣ,
Таги мӯят чӣ дорӣ?
— Аз таги мӯ сарам ҳаст,
Нигаҳ магар надорӣ?
— Э, танбали аҳорӣ,
Дар мағзи сар чӣ дорӣ?
— Худам чизе надидам,
Бидеҳ ба ман ту ёрӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё