Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
феълҳо шакл дигар кард ва ба гунаи ва — мустаъмал гардид. Ин аст, ки ҳоло мо дар дастае аз феълҳо гунаи пешин (нигаристан, нишастан, ниҳодан) ва дар силсилаи дигар шакли таҳаввулёфтаи пешванди мазбурро дучор меоем (наништан, навохтан, намудан), вале дар чанде аз гӯишҳои тоҷикӣ дар чунин гурӯҳи афъол низ ҳамон гунаи қадим побарҷо мондааст: умумиэронии pi-pis > порсии бостон pi-pais > порсии миёна nipes [nibēs] > порсии классикӣ nivis, тоҷикӣ navis (ниг. 48, с.67). Ин феълро намояндагони лаҳҷаҳои шимолии тоҷикӣ ба гунаи нивес (нивесам, нивесӣ, пивесид...) истифода мекунанд.
Дар бархе чунин аносири луғавӣ ҳамсадои оғозии пешвандҳои калимасоз дар гӯишҳои тоҷикӣ тағйир ёфта бошад ҳам, садоноки таркиби он ба ҳамон шакли бостон маҳфуз мондааст. Ин ҷо силсилаи феълҳо бо пешванди таърихии феълсози vi- дар назар аст, ки дар аҳди қадим дар ташаккули афъоли фаровон ҳиссаи сазовор дошт: vimar (гумор), vinās (гуноҳ, аз гуноҳидан), vistar (густур, аз густурдан), vimaik (гумез, аз гумехтан), viraik (гурез, аз гурехтан) (ниг. 81, с.65).
Дар раванди инкишофи чандасраи феълҳо пешванди тазаккурёфта дар даврони порсии миёна дар бахше аз афъол сурати куҳани худро маҳфуз дошт (widardan, wirextan, wisistan, wistardan) (61, с.42-42), вале дар гурӯҳи дигар дучори таҳаввулоти шаклӣ гардид (gumiardan, gumextan, guwāridan), дар давраи классикӣ бошад, кулли феълҳо бо пешванди таърихии vi- ба гунаи gu- таҳаввул ёфтанд. Аммо дар лаҳҷаҳо аз гӯишҳо дар феълҳои алоҳида садоноки аслии ин пешванд ба ҳамон гунаи куҳан боқӣ монд. Чунончи, феъли viraiktanaiy -и қадим имрӯз дар забони адабии тоҷикӣ гунаи гурехтанро соҳиб шудааст, аммо дар лаҳҷаҳои алоҳидаи тоҷикӣ он ба шакли нисбатан куҳани гирехтан маҳфуз монда, садоноки таркиби пешванд бидуни таҳаввулот мавриди истифода қарор дорад: Герез тем -ба ист, адамои гузарат (Исфара). Аб-бороп гирехта барф-ба вохӯрдим-ку (Конибодом).
Дар мисоли таҳлили сарнавишти чанд вожаи ориёнасл метавон ба ин хулоса омад, ки бо вуҷуди дар забони адабии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё