Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳозираи тоҷикӣ ба таҳаввулоти ҷиддӣ дучор гардидани барс аз онҳо дар гӯишҳои тоҷикӣ гунаи куҳанашон побарҷо мондааст. Агар дар бахше аз онҳо маҳфуз мондани овозҳои куҳани таркиби решаашон мушоҳида гардад, пас дар силсилаи дигар боқӣ мондани гунаи қадими пешвандҳои калимасозашон ба назар мерасад. Чунин ҳам шудааст, ки ҳамсадои чунин пешвандҳо дучори таҳаввулот гардида, садоноки таркибашон ба ҳамон гунаи бостон побарҷо мондаанд.

Сайри таърихии вожаи Хуҷанд

Доир ба гузаштаи дури Хуҷанди куҳан, ки дар ҳама давру замон шаҳри сухан ва шаҳри фарҳанг ба шумор меомад, муаллифони осори таърихиву ҷуғрофӣ дар радифи дигар манотиқи Мовароуннаҳру Хуросон андешаҳои ҷолибро изҳор доштаанд. Ҳангоми шарҳу эзоҳи мавқеияти ҷуғрофии ин сарзамини бостонӣ қариб кулли соҳибони ахбор дар қапангиву дилрабои беҳамто будани онро таъкид намудаанд. Аз ҷумла, Абӯисҳоқи Истахрӣ дар «Мамолик ва масолик»-и хеш фармудааст, ки «ва он шаҳре хубу назаҳ аст. Ва меваҳои он аз меваҳои шаҳрҳои дигар некӯтар мебошад. Ва дар он шаҳр боғоту басотин бисёр аст» (29, с.361). Дар макриди дигар низ ҳамин муаллиф ишора менамояд, ки «... ба миқдори як фарсанг боғоту басотин ҳаволии он ҳаст ва дар миёнаи басотину боғот хонаҳо бино кардааст» (29, с.361).

Дигар соҳибони осор низ аз манзараи камназири Хуҷанди асримиёнагӣ ба ваҷд омада, дар нисбати ҳусну таровати он вожаҳоеро, амсоли «шигифтангез», «дилмазанда» мавриди истифода қарор додаанд. Ҳатто адиб, ҷуғрофидон ва сайёҳи форс-тоҷики нимаи дуюми садаи IX ва ибтидои қарни X Ибни Фақеҳ дар як байти ба арабӣ зикркардааш, ки тарҷумааш дар поён зикр хоҳад шуд, аз ҷумлаи нахустшаҳрҳои зебо ба шумор омадани Хуҷандро дар тамоми Шарқу Ғарб таъкид мекунад:
Надидам дар Шарқу Ғарб шаҳреро, ки хуррамтар аз Хуҷанда бошад.

пешина
аз 63
навбатӣ