Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
вуҷуд надошт, дар даврони баъдӣ дар қисса бо шумораи даҳ пайдо шудааст.
Воҳиди луғавии дуюм бошад, ҳоло ҳам дар забони адабӣ, ҳам гӯишҳои зиндаи тоҷикӣ ба гунаи гӯфт мустаъмал аст. Аммо дар баъзе лаҳҷаҳои тоҷикӣ (мисли Панҷакент...) он ба шакли гӯфт ба гӯш мерасад, ки аз нигоҳи таърихӣ гунаи куҳан маҳсуб мешавад, зеро дар асл дар таркиби вожаи мазкур дифтонги au вуҷуд дошт. Барои равшан гардидани моҳияти масъала зикр кардани шакли тасрифии феъли мазкур дар замони гузашта дар забони порсии бостон бамаврид аст:
Шумораи танҳо
- agaubam (гуфтам)
- agaubah (гуфтӣ)
- agaubat (гуфт)
Шумораи ҷамъ
- agaubamah (гуфтем)
- agaubat (гуфтед)
- agaubant (гуфтанд)
Мусаллам аст, ки дифтонги мазкур минбаъд ба истиснои ҳолатҳои алоҳида ба монофтоши ӯ табдил ёфт (гӯш < gauša; рӯз < rauča; мӯй < mauda). Бинобар ин, дар шакли гӯфт мавриди истифода қарор гирифтани феъли тазаккурёфта дар лаҳҷаҳои алоҳида ҳодисаи тасодуфӣ набуда, решаи амиқи таърихӣ дорад.
Дар гӯиши шимолӣ ҳолатҳои ба ҳамон гунаи куҳан маҳфуз мондани пешвандҳои калимасоз низ ба мушоҳида мерасад. Ба ҳайси далел метавон корбурди феъли навиштанро ба шакли нивестан/невистан дар ин гӯиш зикр намуд. Чунин гунаи истифодаи ин вожа махсусан дар Хуҷанд, Исфара ва Конибодом зиёд ба мушоҳида мерасад: Бача-м, ман-ба якта арза невиста тид (Хуҷанд) Ту авал номи ҳама-я пивеста ман-ба те (Конибодом).
Мусаллам аст, ки дар таркиби иддае аз феълҳои эрониясл ва гузашта аз он орисиясл пешванди таърихии ni- вуҷуд дорад, ки он дар порсии бостон ба гунаи ni-, авестӣ ni- мустаъмал буда, маънои «ҳаракат ба поён»-ро ифода менамуд (ниг.54, с.15; 80, с. 83). Пешванди мазкур чанд муддат дар забони порсии миёна ба ҳамон гунаи куҳан идома ёфта, баъдан, ба гумони ғолиб, дар авохири порсии миёнаи сосонӣ ё ибтидои порсии нави классикӣ дар бархе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё