Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
бӯнидан сохта шудааст (ниг. 33, ҷ. 1, с. 40). Алоқамандона ба масъалаи мазкур метавон ин нуктаро афзуд, ки чунин тарзи талаффузи асоси замони ҳозираи феъли дидан ҳоло дар забони яғнобӣ, ки он идомаи яке аз лаҳҷаҳои забони суғдӣ ба шумор омада, мансуб ба шохаи шарқииронии забонҳои эронист, низ маҳфуз мондааст. Дар забони мазкур масдари pēnak, vēnak дучор меояд, ки маънои «боз кардан, кушодан»-ро дорад (ниг. 33, ҷ. 2, с. 319; 38, с. 90; 39, с. 96, 97, 100). Маълум аст, ки дар забонҳои қадими эронӣ, бахусус порсии қадим дифтонги ai вуҷуд дошта, дар ҷараёни инкишофи забон он ибтидо ба монофтонгӣ ē ва баъдан ī бадал гардид. Чунин табаддули дифтонги номбурдаро дар мисоли вожаҳои daiva>dēv, daika>dēg, maika>mēg, mey ва монанди инҳо ба таври равшан мушоҳида кард. Бояд зикр намуд, ки ин дифтонг қабл аз ҳамсадоҳои m, n ба садоноки ī табдил ёфтааст: kaina>kēn>kīn; daina>dēn>dīn; saima>sēm>sīn (ниг. 48, с. 37-38). Вале, ба эҳтимоли қавӣ, ба таври истисно дар гӯишҳои алоҳидаи тоҷикӣ дар вожаҳое амсоли бӯн чунин таҳаввулот (гузариши ai>e>i) ба вуқӯъ наомадааст: умумиэронӣ naïa> порсии қадим vaina, порсии миёна vēn, порсии классикии bēn (ниг. 56, с. 95, 102). Маҳфуз мондани гунаи куҳани овозҳои алоҳидаи решаи воҳидҳои луғавиро боз метавон дар вожаҳои пӯҳ, гуфт ва монанди инҳо нишон дод. Ҳоло дар забони адабии тоҷикӣ шакли меъёрии вожаҳои тазаккурёфта пӯх ва гуфт ба шумор меояд, аммо вожаи аввал дар гӯишҳои тоҷикӣ ба гунаҳои пӯ, нӯ мавриди истифода қарор дорад. Ҳангоми муқоиса намудани шакли гӯишии ҳозира ба гунаи куҳан нисбат ба сурати адабӣ қадимтар будани гунаи гӯишӣ равшан хоҳад гашт. Шакли порсии бостонии шумораи тазаккурёфта nava аст, яъне гурӯҳи овозҳои ava минбаъд ба ӯ бадал шудааст. Тазаккур бояд дод, ки чунин таҳаввулот ба таври қонунӣ ба вуқӯъ пайваста, он дар силсилаи вожаҳои дигар низ ба мушоҳида мерасад: pavasta>post>pūst. Вале дар натиҷаи инкишофи тадриҷӣ дар лаҳҷаҳои алоҳида он шакли пӯ-ро низ пазируфтааст. Пас, маълум мегардад, ки гунаи пӯ нисбат ба нӯ куҳантар буда, баробари ин ҳамсадои h, ки таърихан дар вожаи зикршуда

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё