Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ин нуқта набояд мавриди шубҳа қарор гирад, ки решаи кулли оиҳо ба даврони орией ва гузашта аз он ҳиндуаврупоӣ мерасад ё ин гуна вожаҳо аз тариқи яке аз шохаҳои забони орией ба забонҳои бегона даромадаанд. Дар ин маврид як таъкиди эроншинос Л.Г.Герсенберг дар хусуси ҳиссачаи саволии ми? бамаврид аст: «Шакли сохсохтишавандаи сокиҳугании дерип метавонист гупаи фонетикии mə -ро дошта бошад ва бояд мансуби қариҳои IX-X ҳисобида шуда, сарчашмаи бозлимоди иқтибос барои туркҳо ба шумор ояд.
Чунин ҳиссача дар пракритҳо-катибаҳои Ашоки низ ба назар мерасад. Ин ҳолат баёнгари он аст, ки ҳиссачаи тазаккурсӯфта дар қаламрави вусъатноки Осиёи Марказӣ густариш дошта, бешубҳа, гӯишҳои эронӣ, ки асоси забони адабии тоҷикӣ гардиданд, низ ба он мансуб буданд» (16 а, с.130-131).

Ба ин тариқ, ҳар кадоми вожаҳои тазаккурсӯфта ба ин ё он тарз ба даврони орией иртибот доранд. Калимаи қалин дар даврони ҳиндуаврупоӣ аз ҷумлаи истилоҳҳои ба тиҷорат иртиботдошта маҳсуб гардида, асосашро k ... er/ k ... rer «харидан» ташкил медиҳад. Баҳлан аз вожаи мазкур дар забонҳои алоҳидаи ҳиндуаврупоӣ гунаҳои вижа зуҳур намуданд: тохарии «А» kuryar «савдо», kuryart «савдогар»; тохарии «Б» karyar «савдо», ҳиндии қадим krīṇāti «мехарад», ирландии қадим crên(a)im «меҳарам»; лотинии қадим krienas «арзиши арӯс»; латиши kriens «тӯҳфаи домод ба арӯсу волидайнаш»; русии қадим крьнути «харидан, гирифтан».
Агар қонунияти таблили ҳамсадои г ба l дар забонҳои эронӣ ва гузариши k-и эронӣ ба q-и туркӣ ба эътибор гирифта шавад, моҳияти масъала равшан хоҳад шуд.

Тавре ки қаблан низ ишора шуд, аз рӯи истифодаи
чунин калимаҳо метавон самти ҳаракати қавмичи қадимро
муайян сохт. Масалан, бино бар он ки вожаи келин дар
забонҳои финноугорӣ (ё угрофиний) ба шаклҳои kal-w, kaly
«зани бародар», «хоҳари зан», эстони kali «бародари
шаҳҳар, зани бародари шаҳҳар», мордвии мокша kil «зани
бародар», удмурдӣ kali ... туркӣ kalın корбурди фаровон
дорад, метавон ҷараёни ҳиҷрати соҳибони гӯиши «Аврупои

пешина
аз 63
навбатӣ