Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
- Агарчи решаи бархе аз ин гуна вожаҳо сирф орӣӣ аст, аммо онҳо аз доираи забонҳои аз он зуҳурукарда хориҷ шуда, танҳо дар байни забонҳои туркӣ дар гардишанд. Масалан, вожаи эшак «маркаб», агарчи онро Мавлоно Румӣ дар «Маснавии маънавӣ»-яш истифода кардааст, ҳоло барои забони тоҷикӣ бегона аст:
Чун тафаҳҳус кард аз ҳоли ишак, Дид хуфта зери ҳар он наргисак (60, с.478)
Калимаи мазкур яке аз намунаҳои боризи иртиботи ҳиндуаврупоиён бо ақвоми ғайриҳиндуаврупоӣ маҳсуб мешавад (ниг.15, ҷ.2, с.914). Ин вожа ба забони хурритҳо ба гунаи eššī «байтал» роҳ ёфтааст, ки он аслан шакли ба забони орӣӣ мутобиқшудаи калимаи ҳиндуаврупоии ek ços ба шумор меояд. Аз пажӯҳишҳо маълум мегардад, ки воҳиди луғавии мазкур дучори ду гунаи таҳаввулот: шаклӣ ва маъноӣ шудааст. Инро ҳангоми муқоисаи шаклу маънои ибтидоии он бо ҳозирааш метавон исбот намуд. Ин калима, агар дар забони ҳиндии бостон ба гунаи asva -, авестой - aspa -, порсии қадим asa дар баёни маънои «асп» истифода шуда бошад, пас имрӯз дар забони арманӣ ба гунаи eš ба маънои «маркаб» ба кор меравад (ниг. 15, ҷ. 2, с.547). Бояд гуфт, ки унсури луғавии мазкур мисоли ягонаи ин гурӯҳи вожаҳо нест. Калимаи аёқ «пой»-и туркиро низ метавон мансуби ин гурӯҳ донист. Вожаи тазаккурёфта бунёди худро аз асоси замони ҳозираи феъли омадап -ау гирифтааст, ки дар даврони куҳан маънои ҳаракатро ба самтҳои гуногун ифода менамуд.
- Бархе аз ин гуна воҳидҳои луғавӣ ҳоло дар забони адабии тоҷикӣ истифода гардида, ба пиндори соҳибзабонон унсури иқтибосии туркӣ ҳисобида мешаванд. Ба силсилаи чунин вожаҳо метавон қалин, келин, туман, турна ва ҳиссачаи саволии «ми»-ро мансуб донист. Даъвои гурӯҳе аз аҳли қалам ин аст, ки чунин унсури луғатӣ ё сӯарро наметавон дар сарчашмаҳои нахустасрҳои миёна пайдо кард. Барои мо низ нофаҳмост, ки чаро онҳо дар маҳхазу манбаъҳои даврони тазаккурёфта ба чашм намемерасанд, вале

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё