Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
протседураи зерини бадалшавию ҷойивазкунии овоз ба вуқӯъ омадааст: ибтидо -rs ба -rs бадал шуда, сониян гурӯҳи овозҳои -р бадал ба hl шудааст: порсии қадим parvava> порсии миёнаи ашкоий pahlavik, порсии миёнаи сосоний pahlavig.
Дар иртибот ба ин масъала метавон ҳодисаи ҷойивазкунии дуқаратаро низ қайд кард, яъне аз се ҳамсадои пасиҳамоянда ибтидо ҳамсадоҳои дуюму сеюм ҷой иваз карда, баъдан аз онҳо ҳамсадои l пайдо шудааст ва ахиран ҳамсадои аввал ҷойашро тағйир додааст: xtr> xrt> xrd>xl>lx (Baxtri> Baxrti> Baxrdi> Baxl>Balx).
Дар баъзе маврид на танҳо ҷойивазкунии овозҳои ёдшуда ба вуқӯъ омадааст, пас аз дигар шудани мавқеи овозҳо дар калима ҳамсадои h афтида, дар вожа танҳо овози l боқӣ мондааст: эрони rs>rv>hl>l: порсии қадим čaṽara, муқ. авестоӣ čaṽarsant> čihihl>>čihil ; порсии қадим prvu> порсии миёна plhu>pul (ба маънои кӯпрук).
- Дар бархе аз калимаҳои эрониасл чунин бадалшавӣ ба вуқӯъ наомада, ҳамон ҳодисаи ротасизм боқӣ мондааст, ҳол он ки ин бадалшавӣ дар чунин воҳидҳои луғавӣ дар дигар забонҳои ҷануби-ғарбии эронӣ рӯй додааст. Масалан, дар забони лурӣ калимаи бозор ба гунаи bāžal дучор меояд, ки он давоми сурати порсии миёнаи ашкоий vāčar, порсии миёнаи сосоний vāžar ба шумор меояд. Чунин ҳодиса бо моддаҳои луғавии анбор ва бодиринг низ рух додааст.
Вобаста ба масъалаи мазкур ин нуктаро низ метавон таъкид кард, ки дастае аз ин калимаҳо имрӯз дар забонҳои дигари эронӣ низ чун тоҷикӣ таҳти таъсири ҳодисаи ротасизм қарор гирифтаанд: лури bārā (боло) < эрони barz- brz< авестоӣ bara z-, ba raz, муқ. порсии миёна bālāy; лури tāar-, tahr, порсии миёна talx, класс. talx.
Вале дар ҳамин забон табдили г ба л дар воҳидҳои луғавие ба мушоҳида мерасад, ки дар забони тоҷикӣ вуҷуд надорад: fal (парр), авестоӣ parəpa, ҳиндии қадим rama, порсии миёна ва класс. parr; kal (ба маънои гаронгӯш) < авестоӣ karna; ҳиндии қадим karna, порсии миёна ва класс karr.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё