УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Барои чӣ Назар пештар намедонист, ё донад ҳам, фикр намекард, ки одамизод дар роҳи охираташ ба ду дасти холӣ меравад?
«Ту бемағзӣ, – гуфт ба худ мўйсафед. – Дина ин чизҳоро ба кампират супурда, ҳушёр фармудӣ, ки пас аз маргат ба Воҳид диҳад. Лекин наандешидӣ – онҳо ақалан як бор ба дардат нахўрданду оё ба дарди писарат рўзе даво мешаванд? Не албатта...
Ту фаромўш кардаӣ, ки моли ҳаром вафо надорад, – мегуфт ҳатто падарат».
Вай ба пиразан нигарист ва низ оҳ кашида, ба хоса таъкид фаҳмонд:
–Соатро дар таки болинам мон.
Дигарашро ғундор. Баъд аз сари ман ихтиёри ин чизҳо дар дасти ту, дар дасти писарат... Ҳар чӣ хоҳед, кунед. Худат медонӣ-ку: ҳамааш моли ҳаром!
Сипас чашмонашро пўшиду ба беҳузур шудани дилаш эътибор надода, аз думи хаёле рафт, ки ҳоло Тўрон-тракторчӣ пайдо шавад, ў дар бораи он воқиаи нохуш чӣ тавр гап мекушояд. Вай як одами феълаш тез. Оё ранҷида, ба мўйсафед дар дами вопасинаш гапи сахт намегўяд? Оё дарди дили ўро мефаҳмад? Мефаҳмад, ки Назар аз тариқи ин кори худ барои ҳама гуноҳҳои дигараш низ узр пурсиданист?..
Вақте ки Воҳид ҳамроҳи Тўронтракторчӣ ба хона даромад, мўйсафед дастонашро дар рўи сина болоиҳам гузошта, ба чашмони ҳамчунон пўшида ором мехобид. Чеҳрааш карахт ва бағоят хунук буд. Кас агар аз нафасгирии номураттаб канда-канда дамидани сари сина ва баробари он қадре ларзидани куртаи қаймоқсуфи ўро намедид, яқин гумон мебурд, ки гармӣ пайкари табоҳи мўйсафедро кайҳо тарк намудааст.
– Гузаред, амак, – гуфт Воҳид, ба Тўронтракторчӣ аз пешгаҳ ҷой нишон дода. Мўйсафед, агарчи ба хона даромадани онҳо ва зуд ба по хестани кампирашро ҳис кард, мисле ки маҳз овози писарашро шунида, нав аз хоб бедор шуда бошад, баъди як-ду дақиқа чашм кушод. Ва нигоҳи беифодааш ба нигоҳи ҳолпурси Тўрон-тракторчӣ бархўрда, аз болин сар бардоштан хост. Аммо мадораш нарасид.
–Наҷунбед, ҳамсоя, наҷунбед, – гуфт дилсўзона Тўронтракторчӣ, ки дарҳол зону зада, акнун дар кўрпачаи назди бемор менишаст.
– Хуш омадед...
– Хушвақт бошед!
Тўрон-тракторчӣ як мўйсафеди ситорагарми миёнақад ва шонапаҳн буда, дастони дароз-дарози бақувват ва ба онҳо мувофиқ кафҳои фарох дошт. Бурути сапсафеди ғафс ва абрувони мошубиринҷи вай ба рўи кулчаи гандумгун ва пешонии баландаш, ки дар он якта-нимта чини борик мехобид, мутаносиб буданд.
Чашмони мешии нармнигоҳаш ба дараҷае зинда ва чеҳраи ҳанўз серобаш то андозае дилкаш метофтанд, ки агар «ҳамин мард шаступанҷсола», – гўянд, ба ҳеҷ ваҷҳ бовари кас намеомад. Ў баъди сӣ соли тракторчигӣ... ниҳоят панҷ сол муқаддам ба нафақа баромада буд. Ҳарчанд ҳамон вақт инҷониб гашта ба трактор савор нашудааст, мардум то ҳол Тўронтракторчӣ мегўянд мўйсафедро. Баъзан вай дар ҳайрат мемонад: чаро бисёр тракторчиҳои навбаромадро фалонтракторчӣ, ё дур наравад, писараш Аъзамро, ки пешаи ў низ чанд сол боз ҳамин аст, Аъзам-тракторчӣ намегўянду номи Тўронро ҳатман ба иловаи собиқ касбаш ба забон меоранд?
Сабаб – вай дар музофот аввалин шахсе буд, ки мактаби механизаторҳоро хатм намуда, нахустин трактори аз маркази вилоят хоса барои калхоз омадаро аз истгоҳи поезд, қариб аз ҳаштод километр гузари носози дара... худаш ҳай карда овард. Он замонҳо ҳамин Назар, мўйсафеди ҳоло дардманд, раиси хоҷагӣ буд. Дар он айём агар номаш калхоз як трактор дошта бошад, хоҷагии баобрў ҳисоб меёфт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё