УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Баъди марг... устухонам ёд мекунад!
Назар аз ваҷоҳати ў ҳаросида, базўр аз ҷой хест ва худро ба нофаҳмӣ зада, фарфар гуфт:
– Чӣ гап, Султонҷон? Аввал як вохўрдӣ кунем. Шаб омадани шуморо шунида, ба дидор рафтанӣ будам, лекин...
дастам нарасид. Худатон медонед – ташвиши лаънатӣ раис аз мўи сараш зиёд.
– Нағз, ки нарафтед. Агар мерафтед, ин поятонро ҳам зада, ланги ду дунё мекардам. Раис, а!
– Дурусттар фаҳмонед: чӣ воқиа рўй дод? Барои чӣ шумо аз ман хафа?
– Намедонед?
– Аз куҷо донам...
– Худатонро гўлу гумроҳ нишон надиҳед!
Ҳозир шуморо дар ҳамин ҷо хобонда, ба шиками дар тахтапушт часпидаатон сад лагад занам, ту дидӣ, ман надидам мегўеду ба ягон кас ҳатто даҳан намекушоед. Чунки гуноҳатонро хуб медонед. Охир, модари ман мурда бошад ҳам, ҳоло дар деҳа одамони аз беинсофии шумо бохабар бисёр!
– Ҳой, Султонҷон, ман дар пеши шумо ягон гуноҳ надорам. Аз аҳволи раҳматӣ модаратон тез-тез хабар мегирифтам.
Ҳаққи меҳнататонро-ку аз будаш зиёдтар карда, ба ана ин китфам партофта, – Назар ба китфи чапаш ишора намуд, – то хонаатон худам бардошта бурдам.
Модаратон агар зинда мебуд, гувоҳ мешуд...
Ҳама вақт кошкӣ он ҷавони ҷавҳараш пок саломат баргашта, кулбаи меросиашро обод мекард гуфта, ба умед раҳ мепоидам.
Наход имрўз мардум ба ҷои некиҳои маро расондан дар гўши шумо гапи дигар хонда бошанд? Ноинсофҳо, дурўғзанҳо...
– Худатон дурўғзан! – бештар дарғазаб шуд Султон. – Ман акнун шуморо беозор ба як идора мебарам. Ана дар ҳамон ҷо мефаҳмонед, ки бечора модари ман аз гушнагӣ нею ба аҷали худаш мурд.
Ў Назарро аз гиребонаш гирифта, ба кўча кашола кард. Ҳамин дам аз куҷое Воҳид пайдо шуду ин ҳолро дида, ба гардани Султон часпид. Вай, ки аз Султон чор-панҷ сол хурд буд, гириста:
– Қурбонатон шавам, акаҷон, ба падарам нарасед, як бор аз гуноҳашон гузаред, – мегуфт. – Ман ҳамаашро медонистам, аз хонаамон дуздӣ-дуздӣ ба модаратон нон бурда медодам. Аммо фоида надошт, дардашон аз ҳад гузашта буд. Он кас ҳар дафъа нони ман бурдаро худашон нахўрда, ба дигар беваю бечораҳо мефиристоданд.
Гуфтам-ку: ман ҳамаашро медонистам. Ман ҳеҷ вақт ин кирдори падарамро намебахшам. Лекин шумо нарасед, як бор аз гуноҳашон гузаред.
Султон суст шуда, гиребони Назарро сар дод ва мисле ки туф мекарда бошад:
– Кошкӣ раги ҳамин бача ба шумо барин махлуқи ғаданг намекашид! – гуфту сархам роҳи хонаашро пеш гирифт.
«Ман ҳеҷ вақт ин кирдори падарамро намебахшам», – пичирос зад мўйсафед ва ночор аз худ пурсид, ки магар ўро дар коре гунаҳкор донистани фарзанд равост.
Магар гапи ҳамон рўз гириста, ба Султон гуфтаи Воҳид рост буд? Вай то ҳол дар ҳақиқат он беинсофии падарашро набахшидааст?.. Чӣ лозим, акнун ба дарди кӣ даво мешаванд ин чуну чароҳо! Ў бояд аз худаш гила кунад. Модом ки дар давоми умраш ақалан як маротиба ба қафо, ба аъмоли савобу носавобаш назар наандохт, ба чумчаи банавбат будани зиндагӣ бовараш наомад, имрўз ғайр аз пушти даст газидан дигар илоҷ надорад. Зеро зиндагӣ, он чумчаи банавбат, ҳоло аз дасти мўйсафед бебозгашт рафтааст. Ҳоло вай дар панҷаи дигарон – масалан, дар дасти Султон...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё