УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Барои чӣ ин тавр? Аз чӣ сабаб мардум дар бисёр мавридҳо ба сури одами носоз намераванду дар мотамаш ҳозир мешаванд? Тавба! Модом ки аз касе дилат мондаасту ба тўяш намеравӣ, ба мурдааш ҳам нарав. Не-дия! Умуман... аҷаб муаммост одамизод. Дар ҳар сурат хуб мекунад, ки гоҳо ба ҷанозаи душмани ҷонаш низ меравад. Дар акси ҳол... Масалан, агар онҳое ки ягон вақт аз марҳум, махсусан аз марҳуми феълу хўяш ба феълу хўи Назар монанд ранҷида бошанду ба маросими дафнаш наоянд, дар гумон аст чор тобуткаши ихтиёрӣ ёфт шаванд…
Ба хона писараш ва аз қафои ў раиси калхоз Хуррамов даромаданд. Мўйсафед ҳар қадар кўшид, ба рўи онҳо дуруст нигоҳ карда натавонист: сараш ниҳоят вазнин буд, ба азоб нафас мекашид. Дар ҳамин аҳвол вай ҳасратнок аз дил гузаронд, ки Султон Хуррамов дўсти писараш, онҳо чанд сол боз рафтуомад доранд; Воҳид дар дасти ў аграном шуда кор мекунад, ҳар ду ба ҳам тифоқанд. Бо вуҷуди ин Хуррамов мўйсафедро бад мебинад… Шояд ғалат аст фикри Назар? Мумкин он воқиа аз ёди Хуррамов рафта бошад... Не, кас магар сабаби марги модарашро ба фаромўшӣ дода метавонад? Ҳаргиз... «Амаки Юф! – гуфта буд вай он рўз. – Ноодамии шуморо то охири умр дар хотир медорам. Баъди марг... устухонам ёд мекунад!» Бале, ҳамин тавр гуфта буд Хуррамов. Ва то ҳол ин сухани ў ҳарф ба ҳарф зинда аст дар ботини мўйсафед.
– Саломатӣ чӣ хел, амак? – ба тамкин пурсид Хуррамов, баъде ки тўрхалтаи пур аз себу анори яккачинро ба кампири вай дода, ҳамроҳи Воҳид дар болои кўрпача нишаст.
– Аз гўр берун, додар...
– Иштиҳо доред?
Мўйсафед ба маънии не сар ҷунбонд.
– Ба зўрӣ бошад ҳам, як чиз-ним чиз хўред.
– Наметавонам… ҳар чӣ хўрам, мегардонам. Одам пир шавад, дилу ҷигараш ҳам аз кор мебаромадааст. Худо амонаташро мегирифтагӣ барин.
– Ин хел нагўед, амак. Шумо ҳоло бақувват, боз сиҳат меёбед, даври набераҳоро мебинед.
– Кошкӣ, – оҳ кашид мўйсафед, ки ба чашмонаш ашк медавид. – Лекин дареғ, ҳа-а-а, сад дареғ...
Пиразан дастархон кушод.
Хуррамов як-ду пиёла чой нўшид ва аз нав беморро дилбардорӣ карда, қариб ним соат аз ину он гап зада нишасту:
– Акнун ба ман иҷозат, амак. Зудтар сиҳат шавед, – гуфта, оҳиста бархост.
Воҳид низ барои гусели ў аз ҷой хест.
Пас аз он ки дари хонаро бесадо пўшиданду шарфаи пой ва гуфтугўи норавшани онҳо аз айвон ба гўшаш расид, мўйсафед беихтиёр падари Султонро ба ёд овард. Вай, Хуррами мисгар, як марди хушсурати бақувват буда, гоҳ-гоҳ асптозӣ ҳам мекард. Дар ноҳия ва деҳоти гирду атрофи он ҳар қадар ба мисгарӣ ном бароварда бошад, дар човандозӣ низ ҳамон қадар шўҳрат дошт. Баъзан Султонро ба худ мегирифт ва дар маҳалли бузкашӣ аспи ягон тамошобинро талабида, ўро ба он ҷонвар савор мекарду як даҳан «ҳушёр бош, писарам!» – мегуфт. Дар лабони бача табассум мешукуфт. Баъд падару писар ба саворони дигар пайваста, ба сўе асп мемонданд, ки ҳамин ҳозир мурдакаш дар он ҷо бузи сарбуридаро партофта буд ва акнун улоғашро қамчин зада, худро канора мегирифт.
Хуррам ба писараш дар баробари човандозӣ аз мисгарӣ ҳам ибрат медод.
Вале Султон дар ин ҳар ду ҳунар низ ба падараш расида натавонист: ҷанг сар шуд ва Хуррам ихтиёрӣ ба ҷабҳа рафт. Пас аз якуним сол ба Султон ҳам, ки мактабро хатм намуда, дар калхоз нағз кор мекард, аз камиссариати ҳарбӣ даъватнома оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё