Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Аввало ин ки вай мактаббача, дарс тайёр карданаш лозим. Сониян, худатон ҳам медонед – падараш қариб се моҳ боз дар Душанбе... мехонад. Мазмун, ҳоло ба обу алави зиндагии мо кӣ ёрӣ медиҳад?
Албатта набераамон! Одам ба андеша гап мезанад.
– О рўзи дароз додараш қатӣ дар пошнаи тали Муғон тўббозӣ мекарду...
– Хайр, бача вай, завқаш омада…
тўббозӣ карда бошад, кардагист. Ё чӣ, ҳамин ба шумоён дастак шуд? Аз бандаҳои ҳардамхаёлат гардам, худо! – ғайр аз ғут-ғут дигар чизро намедонанд.
Охир, ихтиёри он бача дар дасти ман не.
Падару модар дорад... Аслан ин дилсиёҳӣ ба шумо чӣ лозим?!
– Хафа нашавед, ман одами бадқасд нестам, дилатонро сиёҳ кардан ҳам намехоҳам. Аммо азоби обро худатон аз ман нағзтар медонед…
– Хайр? – гуфт ба ситез Назар.
– Ором гап занед, – хандид Тўронтрактарчӣ. – Шумоён, падару писар, ду оилаед, ду боғи калон доред... Ғайр аз ин пагоҳ, вақти боғобдиҳӣ аввал ман об мехўрам, баъд дигарҳо гуфта, таҷангӣ карда мешинед. Санги шумо мудом сад ман. Мардум ҳамин одататонро ки медонанд, дар чунин мавридҳо албатта ба ҳар хаёл мераванд. Имрўз баъзеҳо ба ман нигариста, қатъӣ гуфтанд, ки ба ҳамсояатон расонед, мо аз вай кам нестем, шох надоштагист... рафту дошта бошад, нишон диҳад.
– Даҳонашон тафсида, хайр...
лақидагистанд. Ман як одами ногирон.
Воҳид агар ҳамин ҷо мебуд, дар қатори шумоён меҷунбид. Набераам ҳоло хурд, аз дасташ кор намеояд.
– Нағз не, ҳамсоя. Усто Салим ҳам ногирон, лекин пои ман маъюб гуфта, дар хонааш нашишт. Алоқадри ҳол баробарамон кор кард. Қадаш як ваҷаб...
наберааш чӣ? Бача, умраш дароз шавад, аз худи усто Салим зиёдтар каланд зад. Вай аз набераи шумо ду синф поин мехонад.
– Истед, ки ба ман ин қадар ақл шуда, чӣ гуфтан мехоҳед? Мақсадатон чӣ? – теғ кашида, ба Тўрон-тракторчӣ нигарист Назар.
– Мақсадам – аз маъракаҳо худатонро дур нагиред, – гуфт ў дар ҷавоб ором. – Мардум айб мекунанд. Ба шумо дилам месўзад; охир, одам ба одам зинда...
– Ба ту баринҳо зинда бошам, номаш зиндагӣ ба ман асло даркор не, – гуфт Назар, якбора ба «ту-ту» гузашта. – Ин гапамро ба дигар ғайбатчиҳои беимон ҳам расон!
Тўрон-тракторчӣ, аз чунин муомила кайфаш парида, лаҳзае сукут карду белашро ба китф партофт.
– Хайр, ҳамсоя, аз донистаатон намонед.
Ман як даҳан фаҳмондам, салоҳ бошад, аз рўи инсоф қабул доред, агар не – ихтиёратон.
– Албатта ихтиёрам...
– Назар сахт доман афшонда, чаққон ба ҳавлӣ даромад ва дарвозаро пўшида, занҷирашро маҳкам гузаронд. Пас аз чанд рўзи ин воқиа... нафаси бади худаш расид магар, ки вай ногаҳон дар бистари беморӣ афтид. Тўрон-тракторчӣ кина нагирифта, даҳҳо маротиба, гуфтан мумкин аст… беҳисоб ба аёдаташ омад.
Воқиан, дина ҳам омада буд. Аз ў ранҷиданашро заррае нишон намедиҳад.
Занаш Рухшона низ доимо аз ҳоли Назар бохабар, инчунин ба кору бори кампири вай ҳар замон ёрӣ мерасонад. Бар падарашон раҳмат, ҳамсояҳои баоқибат будаанд.
Мўйсафедро сурфа гулўгир кард; қариб ки нафасаш ба дарун занад. Вай дуру дароз сурфида, ба мадади кампираш нимхез шуду балғами ба даҳонаш омадаро дар туфдон партофта, аз дил гузаронд, ки чаро ў дар вақташ ба сари Тўрон, ба сари ҳамин гуна як одами покиза маломат овардан хост. Шояд Рухшона сабаб буд ба ин кораш? Не-е...

пешина
аз 132
навбатӣ