УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Сақф гўё пасттар фуромад ва асбобу анҷоми хона дар ҳукми хомўшӣ монда, ҳама ҳузнангез тофтанд.
Мўйсафед, ки тамоми рўз ба ҳолпурсии такрор ба такрори кампираш ҷавоб надода, рў ба девор карахт мехобид, агарчи чашмони чўкидааш дер боз баста буданд, аз ин тағйирот ба алам пай бурд.
Зеро ҳар дафъа, баъди ғуруби офтоб, то ҳангоме ягон кас чароғро дарнагиронад, хона ба назараш мисли заминкан тангу тор намуда, дили заъфзадааш нохост фишурда мешуд.
Вай инчунин эҳсос кард, ки аз умраш соатҳои башумор мондааст, то фардо намерасад; дигар на рўи офтобро мебинад, на пардаи шомро. Кошкӣ он лаҳза тезтар омада, тани афгорашро аз панҷаи бераҳми дард мерабуд. Кошкӣ... Мегўянд, ки одами бадгуҳар ба сад азоб ҷон медиҳад. Агар ҳамин гап рост бошад, пас вай бадгуҳартарин фарзанди инсон будааст. Боз мегўянд, ки пеш аз марг бандааш ҳар қадар ба даргоҳи худованд тавба гузорад, дар он дунё гуноҳаш ҳамон қадар сабук мешавад.
Агар ин гап низ рост бошад, пас тавбаи дусолаи ў ба ғуфрони ҳазор бандаи гунаҳкор кифоя мебуд.
Сояи тунуке ки тадриҷан аз сақф ба фарши хона меёзид, оқибат ба сурати заъфарони мўйсафед печида, онро ба монанди хок тира гардонд. Вале ба сари бинии калони вай ҳеҷ зўраш нарасид. Сари бинии теғкашидаи бемор ҳоло аз будаш зиёдтар зардча тофта, як дутинаи нави ҷилодорро ба хотир меовард, ки даст ба даст нашуда, тифоқо болои хокистар афтидааст.
Мўйсафед ба душворӣ паҳлу гашта, пичирос зад: «Тавба кардам ба даргоҳат, худоё! Тавба...» Овози заифаш чун хишироси баргҳои хазонгардидаи чормағзи пушти тиреза, ки дар як шохи он зоғи танҳое нишаста, танбалона бол меафшонд, ҳазин буд. Вай чашмони камбинашро аз болҳои шабранги зоғ наканда, бадард оҳ кашид ва маҷбур аз дил гузаронд, ки зоғ парандаи шумхабару бехосият аст.
Номи мўйсафед шасту чор сол боз Назар бошад ҳам, рафту ягон кас ўро дар ғайбаш ба забон гирад, агарчи дар деҳа ба ин ном дигар шахсе нест, ҳатман мепурсанд: кадом Назар? Чунки хурду калон мўйсафедро ҳамчун Назари қоқ, Назари шал ва Домуллои ланг мешиносанд… То сар шудани ҷанг, азбаски тани дарозу лоғар дошт, Назари қоқ мегуфтанд. Он вақтҳо вай раиси калхоз Ҷобиров, ба қавли мардум Юф буд; аз нўки қамчинаш хун мечакид. Бисёр зотҳои багурда аз зарбу лати ў абрешимвор мулоим мешуданд. Дар бераҳмӣ он қадар достон гардида буд, ки занони деҳа бачаҳои нофармони худро «бас, агар не, Назари қоқро ҷеғ мезанам»,
– гуфта, филҳол ором мекарданд. Вай инро медонист ва курта-курта гўшт гирифта, аспи ғазабашро сахттар метозонд.
Мефахрид, ки раият ҳатто аз шунидани номаш лоилоҷ метарсад.
Лекин банохост ҷанг сар шуду Назар дар ғами ҷонаш монда, орому қарорро аз даст дод; шабҳои дароз ғарқи андеша гардида, хобаш намебурд. Ислом дар фалон калхоз раис буд... раиси пухта буду зуд даъват намуданд. Маълум не, ки вай акнун дар он ҷойҳо чӣ ҳол дорад. Раҳмон низ раиси чашмикордону баобрў буд, аммо ба ин нигоҳ накарда, туро майдони ҷанг интизор гуфтанд. Бечора… як сол ҳам нагузашта, муфт раҳматӣ шуд. Зану фарзандони ў хати сиёҳашро гирифта, муддате қабл ба аҳли деҳа шунавонданд. Холи ҳавлуқма чӣ?.. Хайр, ба ихтиёри худаш рафт вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё