УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Ман хонаву дари тайёрро пушти по зада, чӣ хел ба ин сангистон кўчида биёям? Дар ин ҷо чӣ хушвақтӣ ҳаст?!
Пирамард оташин шуда, хост «аввал андеша, писарам, баъд гуфтор... Ту аз осмон наафтидаӣ. Ту дар ҳамин ҷо зоида шудӣ, дар ҳамин сангистон ба воя расидӣ», – гўён мазаммат кунад ўро. Вале аз чӣ бошад, чанд тора мўйлабашро зери дандон гирифта, фақат ба сукут рафт.
– Шумо ғам нахўред, ман аз ҳолатон бохабар шуда меистам, – гуфт Мурод ва аз кисааш як биступанҷсўма бароварда, ба вай дароз кард.
Пирамард ҳарчанд:
– Лозим не... Истироҳат рафтанӣ бошӣ, албатта серхарҷ мешавӣ. Барои ман аз сад молу маноли дунё дар наздам буданат авло, – гуфт, писараш онро зўран ба дасти ў қапонд.
– Кам аст, лекин хафа нашавед. Дар пеш сафар дорам... Ин дам ҳамсари пирамард, ки ба гуфтугўи онҳо ҳайрон гўш дода меистод, ба китфи Мурод як ҷомаи беқасаб андохт.
–Ният карда дўхта будам. Дар рўзҳои нек пўшед.
Вай ба пеши келинаш ҳам, ки вақти аз киса пул баровардани Мурод номаълум рўй турш карда, нигоҳашро асабиёна мегурезонд, як либосвор атласи тоза монд.
Аз байн ним соат нагузашта, мошини ваъдагӣ омад...
Ва онҳо рафтанд; рафтанду пирамард, мисле ки нохост ягон чизи бағоят пурмояро аз даст дода бошад, дилаш сиёҳ шуда, дар бадали чанд рўз ҳушу ёдашро дигар ғундошта натавонист.
...Мошин тали Шеронро қафо гузошта, ба дара дохил шуду гашташро тезтар кард.
Деҳа дар пушти баландиҳо аз назар нопадид гардид. Шақароси занҷири чархҳо ва ғуриши матор паст рафтанд. Шахҳои алаи ду тарафи дара ба чашми пирамард ҳавлангез менамуданд. Шамоли раҳ гўшҳояшро лесида, дар болои сараш ғуввос мезад.
Вай хунук хўрд. Миён, сари шона ва буғумҳои дасту пояш зириқ-зириқ ба дард омаданд.
«Агар ин мўза намебуд, корам мепухт»,
– аз дил гузаронд ў ва ҳамон лаҳза дар пеши назараш сурати Мурод падидор гашт. Ба пирамард чунин намуд, ки чашмони калонкалони равшан, абрувони пайваст, мўйсари ба диққат шонахўрдаи қатронӣ, бозувони бақувват, ранги гарданбанд ва ҳатто аз ҷомадон ҳамин мўзаи намадини бакалўшро берун оварда, чӣ тавр ба дасти ў додани писарашро баръало мебинад.
«Умраш дарозу ризқаш фарох бошад.
Ба мани мўйсафед дигар чӣ лозим? Доғи фарзанда надида равам, давлати калон...
Одам пир шуда, ба хотири ҷамъ аз дунё чашм пўшад, ҳеҷ қисса не. Ин дар зиндагӣ мисли ҳар саҳар аз хоб хеста, ором дастурўй шустан, ё худ ҳар рўз се маротиба таом хўрдан як чизи муқаррарӣ. Мазмун
– одам ба ин дунёи домангир аз як дарвоза даромада меояду аз дигараш баромада меравад. Лекин рафтан то рафтан фарқ дорад. Вақте ки каси пешомада пеш меравад, аламаш камтар.
Пири фартут бошиву гул барин фарзандат туро партофта равад, аз ин рўзи сахттар нест. Шояд аз ҳамин сабаб доғи падару модар мерос, доғи фарзанд теғи алмос мегўянд».
Вай саллаашро кушод ва ду печи онро аз болои гўшҳояш гузаронда, аз нав баст.
Ангуштони карахташро ба нафас гарм карда, кафҳои дурушташро муддате ба ҳам совид. Бо вуҷуди ин бештар хунук мехўрд.
Вале шукр, ки пойҳояш ҳанўз қадре гарм буданд.
«Ҳеҷ гап не, ҳамин замон ба Хайробод мерасем...»

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё