УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Он бегоҳ бисёр касон писарашро диданӣ омаданд. Пирамард дар меҳмонхона дастархон густурда, лаълӣ-лаълӣ обу мева ва ширавор гузошт. Ва баъди он ки фурсате ба Мурод ва ҳозирон сўҳбат карда нишаст, духтарашро як тараф ҷеғ зада, оҳиста фармуд:
– Зуд рафта Мўҳсин-қассоба гирифта биё.
Акаам омадаанд, як гўсфанд дорем, кушта диҳед гўй.
Духтар, ки аз дидори бародар чеҳрааш шукуфта, чашмонаш барқ мезаданд, давида ба хонаи қассоб рафт.
Пирамард лаган бардошта, поини боғ фуромад ва болои як ток ангури дороиро, ки «писарам агар биёяд, чашида меравад», – гуфта, аз барои хунук нагирад хаспўш карда, ба рўяш чодар партофта монда буд, ба эҳтиёт кушод. Ангурашро дудаста канда, ба лаган андохт. Охирин боғбонро, ки аз таки панҷа барин барги зардчатоб базўр намуда меистод, низ беозор гирифта, махсус чашида дид.
«Нағз, хунук асар накардааст. Ризқи Муродҷонам бутун будааст».
Вай аз лаган ба ду лаълии калон ангур кашид.
– Ман ба шумо шаҳрама додам, – гуфт пирамарди ҳамсоя, як шингил ангур хўрда. – То ҳол дар ток нигоҳ доштаед, а!
Обаш ҳам баҷо.
– Набераатон агар биёяд, аз ток канда хўрад гуфта, эҳтиёт карда будам. Мана, хости худо будааст, имрўз даҳанаш расид,
– гуфт ў ва ба оҳанги ифтихор аз паҳлуи писараш масрур нишаст.
Пас аз каме қассоб омада, гўсфандро сар зад.
Ва то як поси шаб пои хешу табор, дўстону ҳамсояҳо аз хонаи пирамард канда нашуд. То метавонист, вай ҳамаро хуш қабул кард. Шўрбову палав фармуда, иззату эътиборашонро ба ҷо овард.
Рўзи дигар Мурод ҳамроҳи занаш ба куҷое меҳмонӣ рафт ва бегоҳ, ҳангоме офтоб ғуруб мекард, ширакайф баргашта, ба пирамард гуфт, ки дар маркази шаҳрак як ошнои калоншаванда дорад; ў мошин ваъда кард; онҳо худи ҳамин шаб ба роҳ мебароянд...
– Алавгирӣ омада будӣ? – пурсид пирамард, аз ин қарори писараш озурда.
– Вақтам танг, додо. Фардо ба истироҳат меравам, канори Баҳри Сиёҳ... Пешакӣ билет харида будам.
– Ман ба ту гап доштам. Фурсат нашуд, ки...
– Гапатонро бемалол гўед. То омадани мошин ҳоло вақтамон ҳаст.
Он бегоҳ пирамард ба андешаи «гўям ё нагўям?» – хеле фикр карда нишасту ниҳоят, чунон ки бори гаронеро аз китф партофта бошад, як нафаси чуқур кашида:
– Писарам, – гуфт, – қариб ҳашт сол мешавад, ки ту аз ман дур... Панҷ соли дароз хондӣ, аз рўи ёфтам каму беш ёрдам додам.
Баъд дар шаҳр монда, ҳамин қадар кор кардӣ...
Бас будагист.
– Ин гапатон чӣ маънӣ дорад?
– Маъниаш – кўчида биё, ба мо саробон шав. Ту писари яккаву ягона... Ман акнун пир шудаам, офтоби сари кўҳ барин. На дар дастам зўр мондааст, на дар чашмам нур.
– Хоҳарам ана... калон шудааст, алоқадри ҳол ба ташвиши рўзгоратон шарик...
Маишататон ҳам баҷо, нафақа мегиред... Боз чӣ камӣ доред? Худатон медонед, ки ба ман аз ҷигари шаҳр хона доданд, вазифаам нағз. Пас...
ин ҷо омада, чӣ кор мекунам?
– Дар калхоз кор мўл. Дилат калхоза нахоҳад, дар ягон идораи дигар кор кун.
Ғайр аз ин... магар кора нағзу бадаш ҳаст?
Гап агар дар сари манзил бошад, дар ин ҳавлӣ ду-се оила бемалол мегунҷад.
Хонаи бисёр...
– Не, додо, ин фикратон хом. Мардум орзу доранд, ки дар шаҳр ҷойгир шаванд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё