УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Амон аз ў калонтар – ба домани навад расидааст. Вай ҳам баъзан касал мешавад.
Лекин...
–
...устухони ту сабук, – гуфт Замон. – Ту ҳоло бардам.
– Баландтар гап зан, – ба ҷониби ў саҳл гардан ёзонд Амон. – Нашунидам.
– Мегўям, ки гўшат кар бошад ҳам, ту ҳанўз бақувватӣ, бардамӣ.
– Албатта, устухони ман ба меҳнат шах шудааст, – ларзаи сарашро базўр нигоҳ дошта, ба овози баланд гуфт Амон.
– Мо чӣ, меҳнат накардаем?! – аз гапи ў қаҳраш омада, дар бистари худ як ҷунбид Замон.
– Не-е, ту ҳам меҳнат мекардӣ. Аммо баробари ман не...
– Замин муфт бошад, дунбаи гўсфанди парвоӣ барин фарбеҳ бошад, каланд задан осон... ҳатто роҳати ҷон!
– Боз каҳи қўҳнаро бод медиҳад ин, – даст ба риши сафедаш бурд Амон.
– Хайр, чӣ гўям дигар?
– Ҳеҷ чиз нагўй, фақат тан деҳ: мардона иқрор кун, ки ман ҳар чӣ ёфтам, аз зўри дасту бозувонам ёфтам, аз меҳнатам ёфтам.
– Зўри ҳамон дасту бозувонатро дар куҷо харҷ мекардӣ? – ба нешханд пеши даҳони Амонро гирифт Замон.
– Ба замини калхоз, ба замини худам... – пилки чашмони камбинаш пир-пир парида, гуфт дар ҷавоб Амон.
– Ту замини калхозро ба миён наандоз.
Аз замини таки биниат гап зан, – рагҳои чаккааш бештар дамида, дастони лоғар ва кабудтобашро аз зери кўрпа баровард Замон.
– Ба замини ман чӣ шудааст?! – низ қаҳраш омада, рост ба гунаҳои заҳир...
ба чашмони чўкида, мўйлаби пахтавор сафеди тунук ва манаҳи тоза тарошидаи бемор нигарист Амон.
– Ҳеҷ чиз нашудааст, лекин... Вай аслан замини ту набуд!
– Медонам.
– Донӣ... барои чӣ аз даҳанат асал рехта, зўри дасту бозувонатро ин қадар тавсиф мекунӣ?
– Барои он ки аз замини раҳматӣ падарат як порааш баъди инқилоб замини ман шуду то метавонистам, арақи ҷабин рехтам.
– Чӣ, замини раҳматӣ падарам ба ман ҳам тааллуқ надошт?
– Инашро худат нағзтар медонӣ.
– Дошт, – гуфт дар оҳанги таассуф Замон ва ба ду ангушти ларзон нўки бинии дарозашро хорида, илова намуд:
– Аммо дар коми ту шуд.
– Чӣ қадараш? – аз ў чашм наканда, бардурўғ пурсид Амон.
– Масхарабозӣ накун, – хаёлолуд гуфт Замон. – Кўдак нестӣ!
– Хайр...
Амон хомўш монд.
Замон ҳам дигар гап назад.
Акнун хона ғарқи сукунат шуда, чиқчиқи соате ки дар пеши тиреза меистод, гўё баландтар гардид.
Амон қашшоқиву пойлучиҳои худро ба ёд меовард. Ба хотир меовард, ки чӣ тавр бечора падараш корзада шуда, ба чил ҳам надаромада, оқибат аз дунё гузашт. Ва ў, Амон, дар он рўзи зимистон гиристагириста, дар қатори панҷ-шаш марди савобҷўй... аз паи тобути падар дар чӣ азоби алим ба қабристони дур аз деҳа расид. Пас аз солҳо чӣ тавр ба гардиши айём соҳиби як миқдор замин шуд...
Хаёли Замон ҳам ба рўзҳои гузашта мерафт.
Вай фикр мекард, ки падараш дар ин музофот чӣ одами бадавлат ҳисоб меёфт!
Ҳукмаш чӣ хел ба мардуми деҳа раво буд; чӣ хел онҳо аз оташи ғазабаш метарсиданд, шабу рўз дар хизматаш буданд. Ва ў, Замон, чӣ тавр дар сояи давлати падар хушу хурсанд давр меронд, аз ғами дунё парво надошт. Сипас амир гурехту...
Чӣ тавр ба хонадони онҳо, чунон ки раҳматӣ бобояш мегуфт, чашми кадом бедиёнат расид...
– Ташна мондам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё