Зеҳн
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Май буд, суруду мусиқӣ буд, рақсу бозӣ буд.
«Акнун ҳеҷ чиз надорам ман, рост гуфтааст хоҳараш, – он мактубро дар кафи даст фишурд зан. – Аслан ҳам чизе надоштам... Сазои сари бемағзам!»
Дар ин дақиқаҳои тезгузар низ, чун рўзҳои охир, фақат як ормон ўро сахт ба шиканҷа мегирифт, – ба дидори писараш мехост расидан. Бигузор лаҳзае... Чӣ хел шуда бошад вай? Бист сол боз надидааст.
Бист сол...
– Нозанин дар ин ҷо нишастаасту мо ташналабон мегардем.
Зан каме ларзида, сар бардошт.
– Зиқ метобӣ? – даҳонаш то баногўш ёзида, хандон гуфт мард. Пас ҷуссаи вазнинашро дар паҳлуи ў ба харак партофт. – Се сол мешавад, ки туро надидаам. Хубӣ?
– Бихез...
– Чӣ?! Ё нашинохтӣ маро?
–
...Рав ба раҳат.
Мард мутаҳайир ба чеҳраи вай назар давонда, ҳамчунон ба ханда гуфт:
– Медонам, ту баринҳо сернозанд.
– Палид...
– Худат чӣ?
Зан тохта аз ҷой хесту доман афшонда, шитобон рў ба ҷониби соҳил овард.
– Нозанин, ман ба ту гап дорам. Ист, охир... – гуфт аз қафо мард.
Аммо зан наистод ва дар ситез қадам монда, нафастанг то лаби дарё расид.
Офтоб ғуруб мекард.
Аз чойхонаи барҳавои соҳил ба атроф садои мусиқӣ паҳн мегардид...
Зан акнун аз раҳи регпўш ва об пошида, тоза рўфтаи таки дарахтони чанор ба қади дарё мерафт. Оҳиста ва гўё беҳушу беёд пой мемонд. Баъзан аз баробараш ду-ду, сесе...
Одамон мегузаштанд.
Сайру гашт доштанд одамон. Вай онҳоро ҳам медид…
Ҳам намедид.
Бад-ин минвол хеле қадам зад. Раҳаш батадриҷ танг шуд, ноҳамвор шуд. Пас...
Кўр шуд!
Ва ў аз болои чимзор боз як муддат пеш рафта, дуртар аз ниҳолаки хушкидаи гелос қарор гирифт. Хилват буд он ҷо; ғайр аз хурўши дарё дигар садое ба гўш намерасид.
Ягон кас нест дар гирду атроф...
Зан рўи сабза нишаста, ба маҷрои пурталотум нигарист... То чашмонашро об бурдан нигарист.
Сипас ангуштони дасти фишурдаашро кушода:
– Лекин ту ба он қадар худкомиҳо чӣ дорӣ имрўз дар бисотат? Аминам, ки ҳеҷ... – гуфт зери лаб ва мактубро оҳиста болои анбонча монду сарандози хушгулро аз бари китфаш гирифт.
...Шаб фаро расида, соат аз паи соат мегузашт. Аммо зан аз дарё берун намеомад.
Воқиан, шино карда ҳам наметавонист зан!
Бодаки серуни соҳил як пора коғази ғиҷимро дар миёни анбончаи сурху кафши сиёҳи оҳараш нашикастаи ў хиширхишир бозӣ медоронд.
1986
ДУШМАНОН
Соате боз ин ду нафар дар хонаи хурди озода ва аз чароғи барқ равшан батамкин сўҳбат доштанд. Ҳар ду ҳам пир буданд. Яке дар болои кати симин мехобид, дигаре дуртар аз вай... ба рўи се қабат кўрпачаи таки девор менишаст. Номи яке Замон, номи дуюмӣ Амон... Агарчи солҳо инҷониб, аз худи айёми ҷавонӣ, ба ҳам душмани қаттол буданд, расми деҳа, умуман одамгарӣ тақозо мекард – ҳангоми беморӣ, мусибат ва ғайра нохушӣ аз ҳоли якдигар хабардор бошанд.
Пас дилашон мехост ё не, онҳо ба ин расму оин гардан мефуроварданд. Махсусан солҳои охир, дар дами пирӣ...
Ҳавлии Амон дар пойгаҳи деҳа воқеъ буд.
Замон дар саргаҳи он зиндагӣ дошт. Ва ана, дар тўли умри дарозаш соҳиби духтару писар ва набераву абераҳои зиёде шуда, синнаш ба ҳаштоду панҷ расида, ниҳоят...
Се моҳ боз аз бистари беморӣ хеста наметавонад.

пешина
аз 132
навбатӣ