УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Ҷиҳози он хонаи калонтар ҳам кўҳна ва бетартиб буд; фарши чиркини тахтагинашку қариб як моҳ боз латтаи тарро надидааст.
Зан ба абрувони думи мор барин борикаш бадтар гиреҳ андохта, дари он хонаро пўшид ва рафта...
Ба ташнав об сар дод.
Тахмин ним соат пас чой монда, ба як пора нону панир – дигар чизе намеҷуст дилаш – наҳорӣ кард. Болои мизро ғундошт. Ва наҷунбида, муддате дар курсӣ нишасту боз ба хонаи хоб ворид шуд. Аз пеши оина...
Акнун ба вай ҳатто назар ҳам наафканда, Шитобон гузашт. Ва филҳол пардаро кушода, аз тиреза ба саҳни ҳавлӣ нигарист.
Оғози тирамоҳ буд. Барги дарахтонро гўё бештар чанг гирифтааст. Омехта ба бўи газу бензини мошин аз куҷоҳо саҳле бўи себ ва ангур меояд. Бачаҳои шинос – қариб ҳамагӣ – ҳоло аз хонаҳои ин бинои чорошёна баромада, дар таки дарахтон машғули бозӣ буданд. Ба чашмони зан баъзе калонсолҳо низ менамуданд.
Ё сайру гашт мекарданд онҳо... Ё дар сари даст кўдаке доштанд.
Як замон вай ҳам фарзанд дошт, зани башавҳар буд.
Аммо баъд…
Хайр, гуноҳи худаш ин, оқибати ҳавову ҳавасҳои беҳосилаш – ҳаққо, ки даво нест худкардаро!
Нигоҳаш карахт… зан дар пеши тиреза истод-истоду либоси тоза пўшида, дар даст сумкачаи базеб, кўча баромад. Ва савори автобус то маркази шаҳр расид.
Беихтиёр ба чанд магазин сар халонда, пас дар беҳтарин кинотеатр паиҳам ду филм тамошо кард. Яке ҳаёти мураккаби кадом оилаи ҷавонро ба тасвир мекашид, дигаре мазҳакаи сервоқиа ва моломол аз мусиқӣ буд.
Зан аз ду филм ҳам қариб чизе нафаҳмида, ба хотири парешон раҳи Боғи истироҳатро пеш гирифт.
...Инак дар гўшаш садои якнавохти дарё, вай гўё шах шуда, ҳеҷ наҷунбида, дар зери чанори азиме ба рўи харак менишаст; ғарқи хаёл буд. Ҳисоби вақт барояш вуҷуд ки надошт, дар ин боғи орому салқин кай боз нишастааст, – пок намедонист. Нигоҳи беифодааш дар банди як пора осмони кабуд, Осмони дур…
Зан ҳатто одамони дар рафтуоро намедид, шарфаи поймониву овозашонро ҳам гўё намешунид.
Ниҳоят ў як ҷунбида, аз дуродур, аз пораи осмони сари дарахтон, Дарахтони соҳили дигари дарё...
Оҳиста чашм канда, даст ба анбончааш бурд. Ва аз он мактуберо берун оварда, ба хондан шурўъ намуд. Дар охири мактуб чунин сатрҳо буданд: «...субҳи содиқ гузашт аз дунё додари меҳрубонам.
Азбаски дўстат медошт, ту нопокро тамоми умр аз ёд набурда, сарашро дубора ҷуфт ҳам накарда, дар панҷаи дарду алами зиёд рафт ба дори бақо. Ҳоло таскини дили афгори ман ин аст, ки дар ҳар сурат номи нек монд аз ў, писари бамаънӣ монд, гул барин набера монд. Лекин ту ба он қадар худкомиҳо чӣ дорӣ имрўз дар бисотат? Аминам, ки ҳеҷ...» Дар бадали беш аз як моҳ ин сатрҳоро маротибаи чандум мехонад, – зан намедонист. Бале...
вай фақат ҳаминашро медонист, ки зудзуд ба онҳо чашм давонда, гўё саропо дармегирифт, сўхта хокистар мешуд. Ва оби дидааш шашқатор, ба худ қатъӣ мегуфт: дигар намехонам!
Вале боз...
Мактуб аз хоҳари собиқ шавҳараш буд.
Аз хоҳари ҳамон шавҳараш, ки бист сол муқаддам ба ризоят ва ҳатто исрори ў...
писарчаи сесолаашонро ҳамроҳ гирифта, рўи ифлосатро дубора набинам гуфта, ба як шаҳри дур кўчида рафт. Ва зан танҳо монда, аз чунин танҳоӣ шодӣ карда, худро комилан ба айшу нўш бахшид. Дар хонаи вай қариб ҳар шаб каси дилхоҳаш буд…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё